Бахшҳо

Мир Зафар: Хотираамро аз даст дода будам (ВИДЕО)

Мир Зафар, нависандаи тоҷик, ки панҷ соли ахир аз ночорӣ дар Русия ба “бомж” табдил ёфта буд, мегӯяд, дар пайи як латту кӯб аз сӯи миллатгароҳои рус хотираашро аз даст дод.

Ӯ дар навори видеоие, ки Маркази фарҳангии “Мардуми Шарқ” нашр кард, мегӯяд, панҷ солро ҳамроҳ бо бехонумонҳо, фоҳишаҳо, дуздҳо, одамкушҳо ва нашъамандҳо сипарӣ кард: “Зери дарахтҳо хоб мерафтам ва чизе намедонистам. Намедонистам, ки ман кӣ ҳастам? Танҳо номам дар хотирам буд, ки Мир аст”.

Ба қавли ин нависандаи тоҷик, ки ҳоло дар Маркази фарҳангии “Мардуми Шарқ” ба сар мебарад, он замон одамони гуногун ба ӯ кумак кардаанд: “Баъдан як кори аҷибе шуд. Бо ман нафаре бо номи Мирзода Маҳмадназар вохӯрд. Фикр кардам ки як одами оддӣ мебошад. Ӯ консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург будааст. Кӯмак кард, акс гирифт ва рафт. Баъдан Зафар, Аъзам, Мақсуд, Раҳим, Шавкат омаданд ва то ҳоло ба ман кумак мекунанд”.

Мир Зафар мегӯяд, ӯ ҳеч гоҳ худашро нодор эҳсос накардааст: “Барои он ки ман чизе дорам, ки онро касе аз ман гирифта наметавонад. Ман китобҳои худамро дорам. Ман ҳазорҳо хонанда дорам”.

Ба гуфтаи ӯ дубора ба нависандагӣ рӯ оварданист: “Агар Худованд чанд соли дигар умр бидиҳад, ман менависам”.

Ӯ аз нафароне, ки ӯро мешиносад ва ё барои навиштани китоб ёрӣ додан мехоҳанд, дархост мекунад, ба Маркази фарҳангии “Мардуми Шарқ” муроҷиат кунад.


Мӯҳр
а
Дар Точикистон касе дигар китоб намехонад. Бехтараш ба ягон кори дигаре машгул шавед.

Дуругшинос.
Дуруг,дуруг,дуруг,Зафар Аьзам Рахим ва дигарон ин мардро бурда дар як дача хело нигохубин мекарданд.Ин одам бехад дар дуруггуи усто будааст.Садхо бор ба у хуччати бозгашту пул додаанд вале у худро ба хамин рвзхо рвсонидааст.Ин одам бо ин рафторхояш диккати одамонро ба худ чалб кардани аст.Ба ин одам дигар бовар кардан лозим нест.Хар як мухочир саргузашти талху вазнини худро дорад.Агар хар кадоми мо калам ба даст гирему саргузашти мухочирии худро нависем,хонанда намеебем.Забонаш хело варрасти аст.

не важно
Бӯи дурӯғ меояд аз гуфтаҳояш! Афсона!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)