Наздикони Нурбонуи 6-сола барои пайдо кардани ӯ ёрӣ мехоҳанд
Нурбону Рустамова, як тифли шашсола, сокини ҷамоати Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ аз 9 июл ба ин сӯ бедарак аст.
Баҳриддин Рустамов, амаки Нурбону имрӯз, 11 июл ба “Озодагон” гуфт, ҷиянашро бори охир ҳангоми бозӣ бо кӯдаки дигар рӯйи ҳавлӣ дидаанд. Ба гуфтаи ӯ, Нурбону зуд аз ҳамсолонаш қаҳр мешуд ва шояд он рӯз ҳам бо онҳо қаҳрӣ шуда, аз манзил берун шудааст: "Касе ӯро надидааст. Ҷустуҷӯҳо бенатиҷа буданд".
Баҳриддин Рустамов афзуд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба ҷустуҷӯ машғуланд.
Наздикони Нурбону аз нафароне, ки ӯро дида ва ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш доранд, бо шумораҳои (+992) 93-921-33-33 ва 93-532-32-50 тамос бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |