Се бародар дар куштори марди 56-сола муттаҳам мешаванд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се бародар хабар додааст, ки дар куштори як ҳамшаҳрии худ гумонбар мешаванд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ин се бародар, ки 40, 37 ва 34-сола ҳастанд, рӯзи 10 июл марди 56-солаи сокини шаҳри Сарбандро дар назди манзили истиқоматиаш латту кӯб кардаанд: "Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад".
Манбаъ нагуфта, ки ин се бародар ба чӣ далел ба ин мард ҳамла кардаанд, аммо хабар додааст, "аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |