Ҷоми Аврупо-2016 ба Португалия рафт
Тими миллии Португалия қаҳрамони навбатии Аврупо шуд.
Дар даври финалии мусобиқаи Ҷоми Аврупо-2016, ки шоми якшанбеи 10 июл дар варзишгоҳи “Стад де Франс”-и Париж баргузор шуд, бозигарони Португалия ба дарвозаи Фаронса як голи беҷавоб заданд.
Қисмати асосии бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Эдер, бозигари португалӣ, дар дақиқаи 109-ум тӯбро вориди дарвозаи Уго Лорис намуд.
Дар ин дидор Криштиану Роналду, яке аз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ ҷароҳат бардошт ва аз идомаи бозӣ маҳрум шуд. Вақте ӯро аз майдон берун мекарданд, қариб тамоми мухлисон аз ҷо бархоста барояш қарс заданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2016 оид ба футбол 10 июн шурӯъ гардид. Барои дарёфти Ҷом 24 дастаи мунтахаби қораи Аврупо дар 6 гуруҳ бо ҳам вориди рақобат шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |