Ин ҳаракат аз ҳар лиҳоз қобили дастгирист,чун сарнавишти кишвар ва миллати аз бисёр ҷиҳат ба чигунагии раванди муҳоҷират вобаста аст. Некварз Ҳошими Холзода, ҳамватани мо, ки алъон дар ҷумҳурии исломии Эрон ба сар мебарад, зимни ирсоли як нома унвонии хабаргузории «Озодагон» ҳамзамон навиштааст: «Ҳамон тавре,ки ҳамагон огоҳӣ доранд, тоҷикон дар қарни 20 ду бор маҷбур ба муҳоҷират шуданд.Дафьаи аввал, ин раванд нофарҷом ва бидуни дастоварди хосе ва бо оворагӣ, хонабардушӣ, мусибат ва нобудии садҳо ҳазор нафар ҳамроҳ буд. Аммо муҳочирати дуввум, ки дар соли 1992 оғоз шуд, агарчӣ сахтихо ва мушкилоти фаровон дар бар дошт,дар ниҳоят самараҳои хушоянде барои миллат ба бор овард ва ҳанӯз ҳам шоҳиди онҳо ҳастем. Имзои созишномаи сулҳ, бозгашти мухолифони пешин ба Ватан ,саҳмгузории қобили таваҷҷӯҳи муҳоҷирин дар иқтисоди кишвар ва рушди ҷаҳонбиниву донишомӯзии ҳазорон тоҷикистонӣ дар хориҷ аз кишвар бахше аз самараҳои муҳоҷират аст. Аз ин рӯ, бемаврид нест, соли 2012 бистумин солгарди оғози муҳочирати кунунӣ таҷлил шавад»
Оқои Холзода мегӯяд, аммо ҳимоят аз ҳамватанони муҳоҷирамон дар Русия аз ҳаётитарин корҳост,ки бояд ба як азми умумимиллӣ табдил шавад. Камина ин мавзӯро дар гузашта зимни дарҷи мақолаҳое дар нашрияҳои Ҷомеа ва Қонун, Озодагон, Миллат ва сомонаи интернетии Сентразия.ру гӯшзад кардаам ва акнун низ мӯьтақидам,ин ҳимоят фақат ба дӯши давлат нест, ҳарчанд,ки сохторҳои ҳукумати бештарин масулиятро дар баробари сарнавишти ин қишри ҷомеа доранд. Ҳамин ҷо бояд ошкоро бигӯем, ки ҳанӯз ҳам ҳукуматдорони мо ба таври лозим ба ин масъулияти худ амал накардаанд.
Ба ҳар ҳол моҷарои маьлуми охир зарурати таваҷҷӯҳ ба вазияти муҳоҷирини тоҷик дар Русияро беш аз пеш дорои аҳамият кардааст ва умед аст таьсиси гурӯҳи "Мусоидат ба вазияти мухоҷирин" ба ин масъалаи сарнавиштсоз такони тоза ва таьсиргузор ворид кунад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |