Мушкили маоши муҳоҷирон ва фоизталабии миёнаравҳо

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, як корфармои рус гуруҳи тоҷиконро кор фармуда давоми 6 моҳ ҳаққи заҳматашонро надодааст.
Тавре Аҳмад Иброҳим, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод, як ширкати сохтмонӣ бо баҳонаи мушкили молӣ 430 ҳазор рубли гуруҳи 10 нафарии тоҷиконро пардохт накардааст.
Ба иттилои манбаъ ба намояндагӣ Ҳомидҷон Хоҷаниёзов, сокини 35-солаи шаҳри Турсунзода, яке аз ҷабрдидаҳо муроҷиат карда, дархости мусоидат намудааст: “Дар пайи муроҷиати расмии мақомоти Тоҷикистон корфармои рус 7-уми июл 430 ҳазор рубли муҳоҷиронро пардохт кардааст”.
Аҳмад Иброҳим афзуд, ки ин гуруҳ қаблан ба чанд нафар муроҷиат карда, барои гирифтани ҳаққашон кумак хостаанд: “Аммо миёнаравҳо барои кумак фоизи муайянро талаб мекардаанду роҳбари корхона бо ваъдаҳои пай дар пай ҳаққашонро намедодаст”.
Мусоҳиби “Озодагон” мушкили аслии муҳоҷирони меҳнатиро ҳангоми талаби музди меҳнат дар надоштани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо гуфт. Ӯ афзуд, ки танҳо тайи нимсолаи гузашта бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират дар Русия аз корфармоҳо 21 миллиону 208 ҳазору 600 рубл маоши кормандони тоҷик гирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |