Кӯмакхоҳии муфтӣ аз Худо барои бунёди “Роғун”: Ин нерӯгоҳ ба инсону ҳайвон фоида меорад
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми июл зимни намози ҷумъа дар масҷиди марказии кишвар барои анҷоми саривақтии сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дуо кард.
Абдулқодирзода дар пасманзари имзои созишномаи 3,9 миллиард долларӣ бо ширкати итолиёвӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар мавъизаи намози ҷумъа аз Худо барои анҷоми сохтмони ин иншоот кӯмак хост: “Худоё, барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун худат барои мо кӯмак кун”. Ӯ афзуд, ки дар сурати кӯмаки Худованд касе наметавонад монеи бунёди ин нерӯгоҳ шавад.
Муфтӣ сохтмони "Роғун"-ро комёбии кишвар ва ҳар сокини он хонда, илова намуд, ки ин нерӯгоҳ ба манфиати тамоми миллатҳо буда, барои ҳайвону инсонҳо фоида меорад. Муфтӣ аз даргоҳи Худованд барои кору зиндагии сохтмончиёни “Роғун” баракат хоста, аз ободӣ ба фоидаи ҷамъият тавсиф намуд, ки он садақаи ҷория ҳисоб мешавад ва назди Худо аҷру подоши бузург дорад.
Бунёди НБО-и “Роғун” ба зимаи ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило»- “Salini Impregilо” вогузор шудааст. Ширкат изҳор медорад, ки ду агрегати аввали ин неругоҳро моҳҳои август ва октябри соли 2018 ба истифода хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |