Парванда алайҳи Азиззода барои ҷалби занон аз Хоруғу Ҳисор ба фоҳишагӣ дар Туркия
Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Азиззода Хадича Азиз, сокини 41-солаи шаҳри Кӯлобро, бо иттиҳоми ҷалби занони тоҷик ба фоҳишагӣ дар Туркия ба додгоҳ равон кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Додситонии кулли Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ тафтишот муайян кардааст, ки Азиззода моҳи августи соли гузашта зани 35-сола, сокини ноҳияи Ҳисорро бо ваъдаи таъмин бо ҷои кор ба Туркия бурдааст: “Дар наздикии метрои Оқсаройи Истанбул хона ба иҷора гирифта, ин занро ба фоҳишагӣ водор кардааст”.
Ба иттилои тафтишот Азиззода барои бештар кардани даромад тариқи телефон, як зани 31-сола, зодаи шаҳри Хоруғро аз Русия ба Туркия даъват кардааст: “Ш.М, соли таваллудаш сентябри соли 1984, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ба ваъдаҳои Азиззода бовар карда, моҳи октябри соли гузашта ба Истанбул рафтааст ва давоми 4 моҳ ба танфурӯшӣ ҷалб шудааст”.
Тибқи иттилои додситонӣ Азиззода қаблан бар асоси қонуни афв озод шуда, парвандаи наваш барои ҷалби занон ба танфурӯшӣ дар баррасии додгоҳ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |