Дар инфиҷори рӯзи шанбе дар Малард беш аз 17 тан ҷони худро аз даст дода, муҳиммоти зиёди ҷангӣ талаф шуда буд. Як рӯз пас инфиҷор, ки мақомоти эронӣ онро «як ҳодиса» унвон карда, сабаби онро иштибоҳи фаннӣ дар интиқоли аслиҳа мегӯянд, Вазири мудофиаи Исроил ибрози умедворӣ кард, ки Эрон мунтазири рӯйдоҳои бештаре аз ин даст бошад.
Хабаргузории «Меҳр»-и Эрон иттилоъ медиҳад, ки суханони Ҷазоирӣ рӯзи чаҳоршанбе 16-уми ноябр дар ҳамоиши Басиҷ ва сарони расонаҳо садо доданд. Бо ишора ба ин, ки Исроил аз кушта шудани афроди саршиноси эронӣ хушҳол мешавад, изҳор доштааст, ки: аз инфиҷороте, ки дар манотиқи мухталифи Исроил ба гӯш хоҳад расид, ба исроилиҳо мегӯем, ки нигарону гирён бошанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |