Роҳгашти автомобилӣ-туристии «Екатеринбург-Душанбе» оғоз гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, ин чорабинӣ ба ифтихори ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мепазирад. Ба қавли манбаъ гурӯҳи сайёҳон аз чор нафар шаҳрвандони Русия иборат буда, сарварии ин тимро Вячеслав Трапезников, роҳбари ширкати сохтмонии «Астон- групп» ба дӯш дорад. Интизор меравад, гурӯҳи мазкур тайи барномаи сафари худ аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, мавзеи Искандаркӯл, минтақаҳои Варзобу дараи Ромит, қалъаи Ҳисор ва шаҳри Душанбе дидан намояд.Маврид ба тазаккур аст, ки дар нақлиёти сайёҳон навиштаҷоти «Бохтари Қадим-2011 (Древняя Бактрия-2011)» ва «Екатеринбург-Душанбе» ҳаккокӣ шудааст.
Мӯҳр