Душанбе: Туркия далели даст доштани тоҷикон дар таркишҳои Истанбулро пешниҳод накард
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон 7-уми июл дар мулоқот бо Озҷан Гултекин, кордори сафорати Туркия дар Душанбе масоили мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, зимни мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ тавсеа ёбанд: “Ҳамчунин ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.
Ба суоли “Озодагон”, ки оё кордори сафорати Туркия ё ягон ниҳоди дигари ин кишвар далеле барои даст доштани тоҷикон дар таркишҳои фурудгоҳи байналмилалӣ дар Истанбул пешниҳод кардаанд ё на, масъулини Вазорат посух доданд, ки то ҳол ҳеч далели расмие дар ин бора ба Душанбе пешниҳод нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия 5 июл гуфт, дар таркиши фурудгоҳи байналмилалии Отатурки шаҳри Истанбул зодаҳои Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даст доранд. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, то ҳол бо иттиҳоми ҳамлаҳои террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул 30 нафар боздошт шудаанд: “Сухан дар бораи зодаҳои Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя ва наздики мо меравад”.
Дар натиҷаи ҳамла ва бомбгузории шаби 28 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 44 нафар кушта ва ҳудуди 150 тани дигар захмӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |