Ҳиндустон Сомнат Гҳошро дар Душанбе сафир таъин кардааст
Баъд аз 4 моҳи даргузашти Бираҷа Прасад, собиқ сафири Ҳиндустон дар Душанбе, ин кишвар сафири нави худро дар Тоҷикистон таъин кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сомнат Гҳош, сафири тозатаъини Ҳидустон пагоҳ, 8 июл ҷиҳати иштирок дар маросими супоридани эътимодномаҳо ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, вориди Душанбе мешавад.
Бираҷа Прасад, сафири пешини Ҳидустон субҳи 13 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе даргузашт. Он замон Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон сабаби марги Бираҷа Прасад, сафири навтаъинашро дар Тоҷикистон сактаи қалб арзёбӣ намуд.
Бираҷа Прасад, ки 42 сол дошт, моҳи ноябри соли 2015 ба ҷойи Аситх Кумар Бхаттачарҷӣ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъин гардида буд. Ӯ қаблан дар сафоратҳои Ҳиндустон дар Русия, Қазоқистон ва Испания фаъолият доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |