Бозгашт аз “бомж”-ӣ ба нависандагӣ: Саргузашти як тоҷик дар Русия (АКС)
Мир Зафар, зодаи ноҳияи Ёвон, ки ахиран аз ночорӣ дар Русия ба “бомж” табдил ёфта буд, бо кӯмаки ҳамватанон ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштааст.
Саргузашти Мир Зафар, зодаи Тоҷикистон, ки дар Ёқутистон ба нависандагӣ машғул будааст, моҳи майи соли равон аз ҷониби Александр Иванов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид. Александр Иванов изҳор дошта буд, ки Мир Зафар дар пайи сактаи қалбӣ дигар мадори ҳаракат надоштаасту дар Санкт Петербург ба як бехона-“бомж” табдил шуда буд. Ӯ бо худ ягон ҳуҷҷат надоштааст ва дар гузашта борҳо ҳадафи латту кӯби афроди ношинос қарор гирифтааст.
Иванов якҷоя бо фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз ҳамватанон хоҳиш карда буданд, ки барои бозгашти Мир Зафар ба ҳаёти муқаррарӣ кӯмак кунанд.
Аслишо Акимбеков, яке аз ташаббускорон ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар Русия мегӯяд, бо кӯмаки намояндагиҳои Тоҷикистон ва дигар ҳамватанон Мир Зафар ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт. Акимбеков бо нашри аксҳои нав ва қаблии ҳаёти ин марди тоҷик хабар додааст, ки акнун Мир Зафар нияти таҳияи китобе дорад ва аллакай ба навиштани он оғоз кард. Бо зикри ин қисса Акимбеков дастгирии ниёзмандонро махсусан дар ғарибӣ бисёр муҳим хондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |