Серенко: Шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон аз ҳама бештар дар сафи ДИИШ меҷанганд
Ҷеффрӣ Фелтман, дабири СММ дар умури сиёсӣ зимни муаррифии гузориши худ ба Шӯрои амнияти ин созмон гуфтааст, шикасти гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия мунҷар ба баргаштани теъдоди зиёди ҷангиён ба кишварҳояшон шудааст.
Далели боло рафтани ин тамоюл қатъ кардани пардохтани пул ба ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” унвон шудааст. Торнамои “Утро.ру” менависад, ҳузури шумори қобили таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷангҳои Ироқу Сурия масъалаи баргашти онҳоро ба мавзӯи меҳварӣ табдил додааст. Андрей Серенко, коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир гуфтааст, шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон аз ҳама бештар дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Ба гуфтаи ӯ, бештари ҷангҷӯёни Қазоқистон ва Қирғизистон пас аз фаъол шудани неруҳои ҳавоии Русия дар Сурия аз тариқи Туркия ба кишварҳои худ бармегарданд.
Ба таъкиди Серенко: “Ҷиҳод ба як шакли нави муҳоҷирати меҳнатӣ табдил меёбад. Ҳоло ҷангҷӯён моил ба корҳои идеологӣ нестанд, балки бисёр мехоҳанд пул ба даст биёранд. Аз ин рӯ ба далели бепул мондан дар Сурия ба кишвари худ бармегарданд”.
Лев Королков, коршиноси низомии рус бар ин назар аст, ки бештари ҷангҷӯён ба Туркия рафтанд: “Қисмати дигар ба Покистон ва Афғонистон ва бахши дигар ба кишварҳои Осиёи Маркзӣ баргшатанд, аммо на бо ҳадафи баргаштан ба ҳаёти осоишта”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |