Домоди Мулло Абдураҳим озод шудааст
Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим хабари озод шудани домодаш - Мирзоназар Фозиловро тасдиқ кард.
Мулло Абдураҳим имрӯз, 5 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, домодаш, ки моҳи майи соли равон дар манзили зисташ боздошт шуда буд, ҳамагӣ баъди чанд рӯзи боздошт раҳо шудааст: “Ба Кумитаи амният бурда буданд. Тафтишот бегуноҳиашро исбот кард, озод шуд. Дар асл намедонам, ки бо кадом айб ӯро боздошт карда буданд”.
Мирзоназар Фозилов рӯзи 16 майи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда буд. Ба гуфтаи оқои Каримов, домодаш тақрибан 35-40-сола буда, соҳиби 5 фарзанд мебошад: “Ӯ дар Душанбе истиқомат мекунад. Таҳсилкардаи Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |