Ҷанҷоли ду ронанда барои мусофир як нафарро рӯйи мизи ҷарроҳӣ бурд
Дар шаҳри Кӯлоб як ронандаи таксӣ ҳамтои дигарашро бо печгуштӣ (отвертка) маҷруҳ кардааст.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, баҳси ин ду ронандаи таксӣ баъд аз зуҳри рӯзи 2 июл барои мусофирон сар задааст. Ин ду ронанда бо сабукрав мусофиронро аз шаҳри Кӯлоб ба рустоҳои ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ва аз онҷо ба Кӯлоб мебурдаанд.
Ҳоло яке аз ин ронандаҳо дар идораи пулис ва дигарӣ дар беморхонаи вилоятӣ қарор доранд. Қурбоналӣ Сайдалиев, ронандае, ки аз зарби печгуштӣ маҷруҳ шудааст, ба “Озодагон” гуфт, воқеа тақрибан соатҳои 15:00 ба вуқӯъ пайваст. Ба қавли ӯ, вақте ҷанҷоли лафзии вай ва Рустам ба итмом расид, ҷониби мошинаш ҳаракат намуд: “Ногоҳ зарбае сахтеро ба пуштам ҳис кардам. Маро як дӯстам бо номи Орзу ба беморхона овард. То беморхона омаданамро дар хотир дорам, аммо баъд аз ҳуш рафтам”.
Табибон мегӯянд, баъди ҷароҳӣ вазъи Сайдалиев хуб аст. Як духтури шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ ба "Озодагон" гуфт, печгуштӣ аз тарафи чап зада шуда, хушбахтона ба дили ӯ зарар нарасондааст: "Хунравии беруна дар қафаси сина аз чап дида мешуд, баъди ҷароҳӣ ин ҳолат бартараф гардид. Ҳоло вазъи ӯ муътадил аст".
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, Қурбоналӣ ва Рустам дар гузашта низ барои навбат ҷиҳати бурдани мусофирон баҳсҳои лафзӣ доштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |