Муовини Шодӣ Шабдолов раиси нави Ҳизби коммунист интихоб шуд
Шодӣ Шабдолов, ки давоми 25 соли ахир раҳбарии Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро бар уҳда дошт, натавонист дигарбора курсиашро ҳифз кунад.
Дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки шанбеи 2 июл дар Душанбе баргузор шуд, 22 вакили ҳизб ба тарафдорӣ аз Шодӣ Шабдолов ва 35 нафар ба ҷонибдорӣ аз муовини ӯ - Исмоил Талбаков раъй доданд.
Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков дар гузашта вакилони Ҳизби коммунист дар парлумон буданд, аммо дар интихоботи ахири парлумонӣ, ки моҳи марти соли 2015 баргузор шуд, онҳо ба Маҷлиси намояндагон роҳ наёфтанд. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз ин ҳизб ҳамагӣ 2,2 дарсади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |