Қазоқистон Кодекси заминашро ислоҳ намекунад
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон қонуни манъи ислоҳоти кодекси замини кишварашро имзо кард.
Бар пояи ин қонун, эътибори қонуни баҳсбарангез "Дар бораи ислоҳот ва иловаҳо ба Кодекси замин" то 31 декабри соли 2016 боз дошта мешавад. Он бархе аз меъёрҳои кодекси заминро ҳам манъ мекунад. Ба вижа, ба хориҷиён, афроди бе шаҳрвандӣ, афроди ҳуқуқии хориҷӣ ва ғайра замин дода нахоҳад шуд.
Нурсултон Назарбоев моҳи майи соли равон ба ислоҳоти Кодекси замини ин кишвар, ки боиси эътирозҳои мардумӣ дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар гардид, моратория эълон кард. Дар натиҷаи ин эътирозҳо даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |