Бахшҳо

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар: Ронандаро касе латту кӯб накардааст (ВИДЕО)

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавриди латту кӯб қарор гирифтани Шамсулло Саидов, ронадаи ин созмонро аз ҷониби раҳбарони ташкилоти мазкур рад мекунад.

Баҳодур Қурбониён
, раиси ин ҷамъият имрӯз, 2 июл ба дафтари “Озодагон” омада гуфт, Шамсулло Саидовро касе латту кӯб накардааст: “Ӯ замони аз ҷӯйбори бетонӣ гузаштан афтида, пояш захм бардоштааст”.

Рӯзи гузашта нафаре, ки худро Шамсулло Саидов, ронандаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муаррифӣ намуд, иддао кард, раисони ин созмон дар ҳолати сархушӣ дар роҳи бозгашт аз ҷашни Ваҳдат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ӯро латту кӯб кардаанд. Саидов феълан дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Гуфта мешавад, ин қазия 30 июн дар роҳи Дарвоз сурат гирифтааст: “Ҳамроҳи ман се нафар аз ҳамкоронам, аз ҷумла раиси Ҳилоли Аҳмар ва раиси бахши созмон дар Суғд буданд. Маст буданд ва маро дашном доданд. Ман аз мошин фаромада, калиди мошинро ба онҳо дода, гуфтам, ки худам танҳо меравам. Вале аз пасам омада, ҳар сеяшон маро латту кӯб намуданд”.



Аммо Баҳодур Қурбониён, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иброз дошт, рӯзи 30 июн, вақте Шамсулло меафтад, ӯ дар наздаш набуд: “Он рӯз мо дар яке аз меҳмонхонаҳои ноҳияи Даровоз будем, баъдан ба тарафи Душанбе ҳаракат кардем, Шамсулло Саидов ҳамроҳи ду корманди дигарамон дар ҳамон меҳмонхона буданд, баъди чанде ба ман занг заданд, ки ҳамин хел ҳодиса шудааст. Вақте рафта бо Шамсулло суҳбат кардам, гуфт, аз “латок” афтидам. Ман бевосита шоҳиди афтидаини Шамсулло набудам, лекин худи ӯ ҳаминро гуфт. Мо ҳатто ба мақомоти Дарвоз муроҷиат кардем, ки ҳамин хел ҳодиса шудааст, онҳоро огоҳ кардем”.

Оқои Қурбониён гуфт, дирӯз баъди дидани хабари латту кӯби ронандаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Шамсулло Саидов ҳамсуҳбат шуд: “Шамсулло комилан рад кард ин ҳолатро, ӯ гуфт, телефони ман дар дастам набуд, дигар кас аз номи ман суҳбат кардааст”.

Аксҳо аз Шамсулло Саидов дар беморхонаи Дарвоз

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар: Ронандаро касе латту кӯб накардааст (ВИДЕО)


Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар: Ронандаро касе латту кӯб накардааст (ВИДЕО)
Мӯҳр
Mumin
Ин харду раисро фавран аз макомашон барканор намуда барои масту аласт дар мохи мубораки Разамон шарманда карда ва барои зарар расонидан ба корманд мучозот карда шавад. Агар раиси ин созмон ки созмони хайрия асту максадаш дарду алами мардуми офатзадаро каматр намудан чунин кунад ин раис нест.

Нои
Э муред, раис ношуда!
Дар моҳи рамазон, мастигарӣ!

Ин гапҳо маҳз дурӯғ аст. ин чӣ бошад, ин суханонро пахш менамояд. Номи ронанда бошад Шамсиддин. ШАМСУЛО не ин ҳатто аст. Охирон аз баландии тарабхонаи ШЕРАЛӢ Кабирӣ дар гардиши Дарвоз пояшро лат додааст. Ки бо ҳуҷҷатҳои зарурият дар ШКД ноҳияи Дарвоз тасдиқ карда шудааст.
Кадом шахс инро навиштааст дигар мақсади ғаразҳои худ дорад. Охирон метавонад ба ман вохӯранд ман хамчун шоҳид холати корро мефахмонам ва аксҳоро нишон медиҳам бо забонхатҳои додаи Шамсиддин Саидов.
Шумо холо метавонед. дида чигуна Шамсиддин бо кормандони хизматрасони дағал ва муноқиша карда истодааст. Аксу наворҳо дар дасти ман аст

Ин иду маросимхо танхо бо хотири ана хамин майнушиашон аст . Бо мардум ягон фоидае надорад ва надошт ,садкаи номи мусулмон шавед!
Ман чандин маротибахо гуфтам Ислом миллат надорад ,дар мохи рамазон майнуши куниву боз даъвои мусулмони доред?

nabi farhor
Ин хел мансадори масту аласро,мо раис хам намешуморам.Наход раис арак нушад,боз мохи шарифи рамазон аст . Бигзор дар назди конун чавоб гуянд.

Вокеат
Ин аст Раисхои бовариноки Хукумати Чумхурии Точикистон. Майнуши хангоми ифои вазифаи давлати

Я сразу позвонил ему по данному случаю по Вашей фразе "Марди дуруст мебуд...", и говорил с ним по телефону по этому инциденту. Он рассмеялся и сказал " Хам гариву хам пешгири ми?". Пострадавший оказывается сам пил втихаря))), и когда ему высказали свое мнение о распивании спиртного в Рамазан, и когда встал вопрос о занимаемой позиции и соответствии (ведь он водитель) он начал террозировать всех заходя в номера и бушевать и материть всех и вся ( есть записи). Нет он не будет здесь вступать в полемику. И отправил мне несколько фото по Вайберу сказав сам выводы сделаешь, мне не в чем оправдываться, ты меня знаешь. Так что ребята, тут всем станет ясно, кто был пьян кто ифтор делал, и кто до кого докапывался, а выводы после не судя никого однобоко. Тем более в тот день рано утром в пропасть провалились и погибли сотрудники Швейцарского фонда по разминированию...(чояшон чаннат шавад).

Бадмаст
офарин чаноби Раис! Хамика масту аз худ бехабар будагед, ки хатто чи кор карданатонро ед надоред. Ронанда аз чуй афтода почаш шикаст бовар кардан мумкин но ки дасту руи ронандаро лату куб кард, шояд латок)))))

Нои,
Чураи азиз! Гам нахуру дуои бадашон накун. Хавола ба Худо чизи бехтарин аст. Фаромуш накун ки нисфи рафтагихо дар хамин холи Раиси Хилоли Ахмар буданд, яъне масту аласт....

Нои
Саид,
Агар ӯ аз латок афтида бошад, ШКД кораш чӣ?
Шумо мантиқ-пантиқ гуфтанӣ чизро шунидагӣ ё не?
Худатон ошкор кардед, ки ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ҷо доштааст, ки ШКД протокол кардааст.

Аслан Чамъияти Хилоли Ахмар ташкилоти чамъятй аст ва бояд аз хукуматхо вобаста набошад. Вале дар Точикистон аллакай 10 сол пеш кариб хамаи макомхои идоракуниро коргарони собики хукуматхо ишгол карданд. Хилоли Ахмар дигар як шуъбаи хукумат шуд ва пурра мустакиллияти худро аз даст дод. Холо ин чамъият хамаи нишонахои ташкилоти авторитариро дорад, ки хоси хукумат аст!

Darvesh
Ija tai kosa nimkosa inro boyad daqiq omukht!!!!!!!!!!!!! LAtok yo poyro meshikanad yo dastu ru va badnro khunshor mekunad. I kadom latok budaast ki hama joi odamro maib mekardaast??? AJIB!! MUAMMO...

A
Brchora ronandaro mayub karda bo sharm nadoshta megun galtid

Диёр
Мана суханронии Раиси як Чаъмияти бонуфузи дунё, Худ гуш андозед ва казоват кунед. Аз огоз то анчом лахчаи омиги(кучаги)

Акаи раис бехабар,
...ша задост бо табар!!

Ин раис дар рӯзи равшан дуруғ мегӯяду????
Агар рондада дар "латок" афтида бошад, прокурору милиса чӣ лозим?
Озодагон, як бор аз прокуратураи Дарвоз пурсед барои чӣ худи прокурори ноҳия дахолат кардааст, омада пурсидааст, протокол кардаанд...???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)