Шаҳрдории Душанбе тоҷиронро ба адлу инсоф даъват кардааст (НАРХНОМА)
Шаҳрдории Душанбе бо нашри як муроҷиатнома сокинони пойтахтро ба адлу инсоф даъват кардааст.
Дар ин муроҷиатнома гуфта мешавад, моҳи мубораки Рамазон фурсати муносибе барои худшиносӣ, дарёфти камолоти инсонӣ, покдоманию парҳезгорӣ, имтиҳони ҷавонмардӣ ва таҳаммулгароию қаноатмандӣ мебошад: “Яке аз ҳикматҳои рӯзадории моҳи шарифи Рамазон, дар баробари ҷилавгирӣ аз хӯрдану нӯшидан, ин риояи ҳатмии адлу инсоф дар кору фаъолияти ҳар як фард буда, ба соҳибкорону тоҷирон алоқамандии зиёд дорад, зеро асосан соҳибкорону тоҷирон таъминкунандаи рӯзгори мардум мебошанд. Ниёгони бузургамон низ дар тӯли таърих маҳз бо риояи ин суннатҳои арзишманди исломӣ зиндагӣ кардаанд. Аз ин рӯ, аҳли савдою тиҷоратро зарур аст, ки дар ин моҳ қаноатмандиро пеша карда, барои дарёфт намудани ризои Худованд аз рӯи адлу инсоф ба мардум хизматгузорӣ кунанд”.
Дар идомаи муроҷиатнома, изҳори боварӣ мешавад, ки тоҷирон ба хотири ризоияти Худованд ва нигоҳ доштани арзишҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокаро нигоҳ дошта, бо қобилияти харидории сокинони шаҳр мувозинат риоя мекунанд.
Дар сомонаи шаҳрдории Душанбе арзиши миёнаи маҳсулоти ниёзи аввалияе, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ҳамарӯза дар давоми моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешаванд, нашр шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |