Президент: Роҳрӯбӣ кардаам, кӯчарӯбӣ беҳ аз вазири дузд
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон имрӯз, 1-уми июл дар маросими супоридани гувоҳнома ва бурсияҳои президентӣ ба хатмкунандагони мактаби миёна аз аҳамияти дониш дар зиндагӣ суҳбат кардааст.
Алмосбек Отамбоев таъкид кардааст, ки дар баробари донишу зиракӣ инсон бояд виҷдону шараф низ дошта бошад: “Агар шумо танҳо ба дониш ва зиракӣ такя кунед мисли Айдар Акаев ва Максим Боқиев (писарони собиқ президентҳои Қирғизистон) фақат ғорат кардани ватани худро метавонед. Дар ниҳоят худатон аз худатон норозӣ шуда, фарзандони шумо бадбахт мешаванд. Ҳамеша муаддаб ва боинсоф бошед. Танҳо дониш хушбахтӣ намеорад. Ба шиор, ки бо ҳар васила бояд ба ҳадаф расид, бовар накунед. Ба ҳамаи ҳадафҳо аз роҳи муносиб расидан мумкин аст”.
Отамбоев гуфтааст, кор шараф аст ва дар ягон кор нанге нест. Ӯ дар пасманзари изҳороти вазири фарҳанги қазоқ, ки духтарҳои қирғиз дар Русия фаррошӣ мекунанд, гуфтааст: “Бархе аз вазирон мегӯянд: “Ана, фалонӣ фаррош аст. Мехоҳам бигӯям, ки ман боркашӣ, аловмонӣ ва ҳам роҳрӯбӣ кардаам. Ягон кор ҷойи нанг надорад. Беҳтар он аст, ки фаррош ё роҳрӯб бошӣ то вазири дузд. Аз ҳеч кадом кор шарм накунед, ҳама кор шараф аст”.
Президенти Қирғизистон гуфтааст донишҳои бунёдии мактаби миёна ба ӯ зиёд кумак кардаанд ва дар хитоб ба хатмкунандагон афзудааст: “Бо он донише, ки аз мактаб гирифтед, метавонед ҳама гуна ихтисосро дар ҳамаи донишгоҳҳои Қирғизистон интихоб кунед”.
Отамбоев таъкид кардааст, ки “умедворам шумо интихоби дуруст мекунед, зеро ба мо одамони шоиста лозиманд”.
Қаблан Аристанбек Мухамедиулӣ, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон гуфта буд, ки ҳангоми дидани духтарҳои фарроши қирғиз дар Маскав, эҳсоси нороҳатӣ мекунад ва дар пайи эътирози ҷомеаи қирғизҳо вазири қазоқ барои ин изҳороташ узрхоҳӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |