Бахшҳо
01 июл 2016 14:06Тоҷикистон / Сиёсат

Қаноатмандии Э. Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1 июл Хокуба Збигниев, директори иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба ҳузур пазируфта, аз сатҳи ҳамкориҳо бо ин бонк изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, ҷонибҳо зимни мулоқот аз таъсири манфии буҳронҳои сиёсиву молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳо изҳори нигаронӣ карда, доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот табодули афкор намудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши робитаҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла энергетика, рушди соҳибкорӣ, низоми бонкӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ низ баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки ҷалби бештари сармояи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба низоми молиявии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, дар солимгардии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт нақши мусбӣ хоҳад бозид. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар ин вохурӣ иштироки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуда, амалӣ кардани Лоиҳаи КАСА-1000 намунаи олии ин ҳамкорӣ маънидод гардид.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)