Э.Раҳмон «Салини Импреҷило»-ро шарики умедбахш дар бунёди “Роғун” хонд (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми июл дар Қасри миллат Пиетро Салинӣ, раиси ширкати “Салини Импреҷило” –ро, ки ба бунёди “Роғун” машғул хоҳад шуд, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Салинӣ қайд гардид, ки аз рӯи баҳогузориҳои Бонки ҷаҳонӣ сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ карда шудааст: “Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило” ин корпоратсияи сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун арзёбӣ гардид”.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт гардида ба ҷалби ин корпоратсияи бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории кишвари мо мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |