Дар литсеи ҳарбии вазорати мудофиаи кишвар як толори варзишӣ баъди пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ мавриди истифодаи ҳайати шахсӣ қарор дода шуд.
Тавре аз давфтари матбуоти вазоратхонаи мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, бунёди толори варзишӣ асосан тибқи нақшаи тасдиқгардидаи корҳои сохтмонӣ дар вазорати мудофиа доир ба рушду нумӯъ ва тақвияти соҳаи варзиш дар мамлакат манша гирифта, дар як муддати кӯтоҳ сохта шудааст.Дар маросими ифтитоҳ ё худ ба истифода додани толори мазкур вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ширкат намуда, баъди шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамгардидаи варзишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Манбаъ афзуд, ки толори мазкур бо нуқтаҳои гуногуни варзишӣ тавре сохта шудааст, ки дар як вақт гузаронидани чанд намуди машғулияту мусобиқаҳои варзишӣ имконпазир мебошад.
Мӯҳр