Бахшҳо

Раиси “Нур” дар бораи “рейдерӣ”-и дурӯғи Ҳасан Асадуллозода ва мушкилоти воқеӣ

Нурулло Усмонов, раиси ширкати “Нур” бо пахши як изҳорот ғасби “рейдерӣ”-и корхонаҳояшро аз сӯи Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Президент ва раиси "Ориёнбонк" рад кардааст.

Раиси ширкати “Нур” инчунин дар изҳорот фирораш аз Тоҷикистонро рад карда, гуфтааст, ки баръакс, фаъолиятҳои худро густариш медиҳад.

Сомонаи centrasia.ru 27-уми июн матлабе таҳти унвони “Далеко пойдем Тадж-товарищи!»-“Дур меравем Тоҷ-рафиқон”-ро нашр кард, ки муаллифаш Шамшод Файзуллода нишон дода шудаст.

Дар матлаб омадааст, ки Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон ҳушдорҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба назар нагирифта, “ғасби рейдерии корхонаҳои боқимонда”-и Тоҷикистонро идома медиҳад. Бино ба ин манбаъ, гӯиё танҳо 6 моҳи гузашта Ҳасан Асадуллозода “бизнеси 15 соҳибкори маъруф” - ро аз худ кардааст ва онҳо аз тарси ҷон ба хориҷа фирор кардаанд. Муаллиф аз миёни 15 нафар танҳо номи ду нафарро зикр кардааст. Яке, “собиқ раҳбари намояндагии “Тоҷикэйр” дар Олмон - Шералӣ Носиров, ки бизнеси сохтмон дорад” ва дуввумӣ, Нурулло Усмонов, соҳибмулки ширкати "Нур" аст, ки ба қавли муалллифи ин матлаб, “бузургтарин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, корхонаҳои нассоҷӣ ва як қатор меҳмонхонаҳо дар Душанбеву Хуҷанд” - ро соҳиб мебошад.

Аммо Нурулло Усмонов мегӯяд, ба ҳеч куҷо фирор накарда, дар зодгоҳаш деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо аҳли оилааш зиндагӣ дорад ва ҳеч кадом аз корхонаҳои ширкаташро ҳам касе “ғасби рейдерӣ” накардааст.

Дар мавриди Ҳасан Саъдуллозода, раиси “Ориёнбонк” Усмонов афзудааст, ки бо ӯ ҳамкории хеле наздик ва самимӣ дорад.

Нурулло Усмонов бар ин аст, ки бархе доираҳо бо паҳни хабарҳои дурӯғ мехоҳанд роҳи вуруди сармояи хориҷиро ба Тоҷикистон гиранд: “Муҳити сармоягузории Тоҷикистонро хатарнок нишон дода, сармоягузоронро аз ворид кардани маблағ ба Тоҷикистон метарсонанд”.

Усмонов иқрор мекунад, ки дар Тоҷикистон мушкилот ҳастанд: “Аз нигоҳи мо, баъзе нуктаҳои Кодекси андоз бояд барои рушди сармоягузорӣ мувофиқ карда шаванд, аммо ба ин даъвоҳо аслан розӣ нестем, ки дар Тоҷикистон муҳити сармоягузорӣ номусоид шудааст. Баръакс, тавре дар боло зикр кардам, буҳрон шароитҳои дигари рушдро фароҳам мекунад, фақат бояд кор кард. Тинҷиву амонӣ бошад, Худо хоҳад, ба ҳама мақсадҳоямон мерасем. Аз ҳама муҳим, аз мо ҳамин тинҷиву амониямонро нагиранд... Аз ин хотир, аз онҳое, ки рӯйрост дурӯғ менависанд, хоҳиш мекунем: фоидаатон ҳам нарасад, илтимос, зиён нарасонед! Пеш аз ҳама барои ватани худатон, агар тоҷику тоҷикистонӣ бошед!”

Ширкати “Нур” аввали солҳои 90-ум аз сӯи Нурулло Усмонов ташкил шуда, ҳудуди 10 ширкатро муттаҳид мекунад, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият дорад.
Мӯҳр
Салом.
Усмонов иқрор мекунад, ки дар Тоҷикистон мушкилот ҳастанд: “Аз нигоҳи мо, баъзе нуктаҳои Кодекси андоз бояд барои рушди сармоягузорӣ мувофиқ карда шаванд, аммо ба ин даъвоҳо аслан розӣ нестем, ки дар Тоҷикистон муҳити сармоягузорӣ номусоид шудааст. Баръакс, тавре дар боло зикр кардам, буҳрон шароитҳои дигари рушдро фароҳам мекунад, фақат бояд кор кард. Тинҷиву амонӣ бошад,
Вакте Зайд Саидов дар ин хусуси нокомихои Кодекси андоз ба музити сармоягузори гап мезад, шумо об ба дпхон гирифта будед. "Дуздидиян зур сохиби гова бастаст" мегуянд, хам зуран мегиранд ва хам мачбуратон мекунанд, ки оаб накушоел! Пушаймони суд надорад, мард бояд буд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)