Президент ба муфтӣ ва мансабдорон: Ба хонаи бойҳо не, назди ниёзмандон равед
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти давлатӣ ва мансабдорони кишварро муваззаф намудааст, ки дар арафаи Иди Фитр ба табақаи ниёзманди аҳолӣ кӯмак кунанд.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Эмомалӣ Раҳмон 30-юми июн зимни ҷаласаи ҳукумат дар хитоб ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва роҳбарони Кумитаи дину Маркази исломшиносӣ таъкид намудааст, ки дар рӯзҳои ид на ба хонаи бойҳо, балки назди афроди ниёзманд раванду ҳадди ақал дуою фотиҳа хонанд.
Инчунин дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, таҳти имзои Озода Раҳмон ба сохторҳои давлатӣ ва тиҷорӣ дастур додааст, ки дар рӯзҳои ид ба ниёзмандон, аз кӯдакони ятим то солхӯрдаҳои барҷомонда фитри рӯза диҳанд.
Иди Фитр дар Тоҷикистон 6-уми июл таҷлил мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |