ВКД дар садамаи маргбори Дарвоз ронандаи “Тайота”-ро гунаҳкор хонд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар садамаи маргбори субҳи 30-юми июн дар Дарвоз, ки бо марги 5 нафар анҷомид, Ғафур Солиев, ронандаи “Тойота-Лэндкрузер”-ро гунаҳкор донистааст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод ронандаи “Тайота”, сокини 53-солаи шаҳри Кӯлоб соати 05:30 дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” бархӯрдааст: “Дар натиҷа “Тайота” аз баландии 70-75 метр ба дарёи Панҷ чаппа шуда, боиси марги 5 нафар гардид”.
Ишораи ВКД ба гунаҳкор будани ронандаи “Тайота” дар ҳолест, ки ин ниҳод дар бораи ронандаи “Опел” иттилое ироа накарда, афзудааст, ки “маълумот дар бораи ронандаи “Опел-Зефира” муайян карда мешавад”.
Қаблан Шуҳрат Шоисматов, масъули ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Дарвоз ба “Озодагон” гуфта буд, ки дар дохили “Тайота”, ки ба Фонди Швейтсария зидди минаҳо тааллуқ доштааст, ҳафт нафар будаанд: “Ҳангоми чаппашавии мошин 4 нафар худро берун партофтаанд. Ронанда Ғафур Солиев ва доктор Машраб Абдураҳмонов, ки худро берун партофтаанд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду нафари дигар -Дӯстмурод Қурбонов, сокини 33-солаи ноҳияи Фархор ва Суҳроб Абдулхолиқов, сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар бемористони марказии ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд”.
Шоисматов афзуд, ки мошин бо се нафари боқимонда-Илҳом Сафаров, сокини 31-солаи ноҳияи Шурообод, Гулмурод Чориев, сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Абдурозиқ Қурбонов, сокини 27- солаи ноҳияи Ҳамадонӣ дар дарё ғарқ шудааст: “Феълан кофтукоби ҷасади се нафари ғарқшуда идома дорад”.
.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |