Сангинмоҳ ёрӣ мехоҳад, то сиҳат шуда, соябони сари фарзандон гардад (ВИДЕО)
Як сокини деҳаи Кишноваи шаҳри Норак барои муолиҷаи бемории қанд ва қалб аз тамоми сокинони саховатманди кишвар ёрӣ мехоҳад.
Сангинмоҳ Раҷабова, ки барои кумакхоҳӣ ба дафтари “Озодагон” омад, мегӯяд, соле пеш шавҳараш дар синни 55 аз дарди қалб даргузашт ва ҳоло ин беморӣ ӯро азият медиҳад: “Барои табобати ӯ маблағ пайдо накардем. Баъди вафоташ ман ба бемории қанду дил гирифтор шудам. Табибон мегӯянд, ки касалиат куҳна нашуда бояд зуд табобат кунӣ, дар ғайри сурат саломатиат хеле бад мешавад”.
Аммо ба гуфтаи хонум Раҷабова, як зиндагии фақирона дошта, имкони муолиҷаро надорад. Ӯ гуфт, соҳиби се духтар аст, ки дар мактаби миёна таҳсил мекунанд: “Маблағе, ки давлат барои фарзандонам медиҳад, барои харидани орду равған сарф мекунам. Мактаб аз хонаи мо қариб 3-4 километр масофа дорад. Ҳатто шароити барои онҳо пойафзол харидан надорам, чӣ расад ба табобати худам”.
Ин сокини шаҳри Норак дар моҳи Рамазон, ки моҳи хайру баракат аст, аз ҳамаи сокинони саховатманди кишвар даъват намуд, барои муолиҷааш дасти ёрӣ дароз кунанд, то “сиҳат шуда, соябони сари фарзандонам гардам. Онҳо ба ғайр аз ман касеро надоранд”.
ШУМОРАИ ТЕЛЕФОН БАРОИ ОНҲОЕ, КИ МЕХОҲАНД БА САНГИНМОҲ РАҶАБОВА ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ КУНАНД: (+992) 93 133 97 30; 93 177 96 25
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |