Дастури Э.Раҳмон барои танзими нархҳо дар арафаи Иди Фитр
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои танзими нархҳо дар бозорҳои кишвар ва кӯмак ба ниёзмандон дар арафаи Иди Фитр супориш додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 30-юми июн зимни ҷаласаи ҳукумат ба масоили кадрӣ дахл карда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи андози Тоҷикистонро тасдиқ намудааст.
Ба иттилои манбаъ зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин лоиҳаи қарорҳо “Оид ба номивазкунии деҳаи Наймани деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб”, Дар бораи Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2017-2021 баррасӣ шуданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулин барои иҷрои бетаъхири супоришҳои додааш дар ВМКБ, вусъати созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолият, суръат бахшидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили имсолаи меваю сабзавот ва ғалладонагиҳо, афзун намудани содироти меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба хориҷ, танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва расонидани кӯмак ба ятимону эҳтиёҷмандон дар арафаи Иди саиди Фитр дастур додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |