Бахшҳо

Ёқуб Салимов: Айб аст, ки мӯйсафедон дар мансаб нишинанд

Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки ахиран баъди 13 соли маҳбас озод шуд, мегӯяд, зиёиён бояд гули сари сабад бошанд. Ба қавли ӯ, зиёии ҳақиқӣ дарди миллатро баён мекунад.

Салимов дар суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфтааст, дар бораи зиёиёни тоҷик ҳам назари манфӣ ва ҳам мусбат дорад. Ӯ бо ишора ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қайд кардааст, ки “миллати худро аз офати ҷанги шаҳрвандӣ натавонистем муҳофизат кунем”.

Ӯ афзуда, “бубинед, дар ягон давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг нашуд. Аммо дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оташ гирифт. Маълум мешавад, ки зиёиёни мо сохтаи даврони Шӯравӣ буданд. Аз ин ҷост, ки ба маҳалҳо, гурӯҳҳо, ҳизбҳо тақсим шуданд. Агар дар асл зиёӣ мебуданд, ҳеҷ вақт мардум ба ин бадбахтиҳо гирифтор намешуд. Гурӯҳҳо, ҳизбҳо дар асоси маҳал бунёд гашта буданд. Пойбанди маҳал буданд, аҳдофи миллӣ надоштанд, ба хотири ба сари қудрат овардани касон аз маҳали худ ба гурӯҳҳо, ҳизбҳо тақсим шуданд”.

Ёқуб Салим изҳор доштааст, бо гузашти 20-25 сол айб аст, ки ҷанги шаҳрвандиро кори дасти бегонагон донем. Ин вазири пешини умури дохила бар ин бовар аст, ки ҳоло ҳам ин гурӯҳбозиҳо дар кишвар идома доранд. Ӯ саволгузорӣ кардааст, ки: “Масалан, магар 60-70 фоизи рӯзномаҳо дар сатҳи маҳал нест? Шояд, 4-5 расонае вуҷуд дошта бошад, ки ба таври самимӣ, ба хотири пешрафти давлат ва аз дарди миллат матлаб чоп кунанд. Забони рӯзномаҳо забони маҳал аст, манбаи 80 фоизи матолиби онҳо аз русӣ рӯйбардор шудааст, дар 20 фоизи матлабҳои худӣ манфиатҳои кадом гурӯҳе ниҳон аст”.

Ёқуб Салимов аз Лоиқ Шералӣ ба унвони як зиёӣ ёд карда, гуфтааст: “Ҳар як саҳифаи китоби Лоиқро мисли Қуръон бояд дӯст дорем. Ҳар вақт ки шеъри Лоиқро мехонам, як чизи наву ҷолибро дар он пайдо мекунам. Зиёиро ман дар симои ин марди бузург — Лоиқ мебинам”.

Ӯ ҳамчунин Муҳаммад Осимӣ ва Тоҳири Абдуҷабборро аз ҷумлаи зиёиён унвон кардааст. “Ман ба Тоҳири Абдуҷаббор ҳам эҳтиром доштам. Афсӯс, ки ӯро нафаҳмидем, ё ба тарзи худамон фаҳмидем”.

Салимов дар мавриди ин ки дар зиндон сари чӣ чизҳо андеша мекард, гуфтааст, “кам фикр мекардаму бештар меомӯхтам. Китоб мехондам. Касе, ки китоб намехонад ба ӯ бовар накунед, ӯ таҳлил карда наметавонад, аз рӯи гуфтаи дигарон амал мекунад.”

Ӯ ба саволи “Агар ба коре пешниҳод кунанд розӣ мешавед?” ҷавоби рад дода, қайд кардааст: “Ман барои ҳимояи Ватанам омода ҳастам, аммо дигар аз пайи мансаб намеравам”.

Ёқуб Салимов таъкид кардааст, ки бояд ҷавонон ба кори давлатдорӣ ҷалб шаванд: “Онҳо таҳсилкардаи давлатҳои пешрафтаи Аврупову Амрикову Канада ҳастанд, мафкураи тоза доранд. Дигар айб аст, ки мӯйсафедон дар сари мансаб нишинанд”.

Барои пойдории давлати тоҷикон Салимов зарур хондааст, ки ҳама зери парчами Ваҳдат қарор бигиранд ва болобардори он бояд аҳли зиё бошанд: “Аз рӯзи аввал, вақте ба Душанбе омада, ба кор шуруъ кардем, аввалин сухани ман ба раисиҷмҳур ҳамин буд: "Эмомалӣ Шарифович, шумо дар атрофатон беҳтаринҳоро ҷамъ кунед, дар сатҳи ҷумҳурӣ. Мо ҳоло ҷавон ҳастем, лоиқи мансаби вазиру вакили кабир надорем. Мо ҳоло тайёрем дар сангарҳову сарҳад душманро нагузорем, ки ба ин давлати навсоҳибистиқлоламон халал ворид созад. Ман боварии комил дорам, ки дар ин сурат ба мақсадамон мерасем”.

Ёқуб Салимов дар бораи навиштани хотира гуфтааст: “Шояд, инро дар оянда мебинам. Ҳоло масъалаи аввал ҷарроҳии чашмам аст. Духтурон тавсия доданд, ки ин корро ҳарчи тезтар ба анҷом расонам”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид. Ӯ баъди 13 соли зиндон 21-уми июни соли ҷорӣ озод шуд.
Мӯҳр
Да-аа, дела... теперь он нас будет учить как нам жить.

Осмон
Хамин мардака ман фикр кардам чи кадар сатхи маърифатнокию дипломатияш хело дар сатхи баланд аст, аммо баъд аз рахои мебоист, гуфти Худаш хело китобхои зиёд мутолиа кардааст Хомуширо пеша мекард. Андешаи ман Мохи мукаддаси Рамазон аст сад дар сад мутмаинам аз чунин сухбатхои ин Шахс баъд аз азобу машакат Бояд
тахамулпазириро пеша мекард афзалтар буд. Ва ин бе асос мучозот нашудааст вокеан

И имеет на это право.

Гунг.Таххона
Акаи Екуб ба гузашта салавот.Лекин хангоми вазири корхои дохили буданат,дар Волгоград,дар чамьомади вазирони корхоии дохилии СНГ ба вазири корхои дозихилии онвактаи Россия генерали армия Ерин шахсан мурочиат карда буди,ки ичозат дизад,то милисахои вазорати корхои дохилии Точикистону бригадаи махсуси вазорат ва дастахои ярокнокшудаи Фронти халки ба Россия омада,чавонону мардони гурехта омадагиро дастгир карда,дар вагонхои товарный спвор карда ба Точикистон фиристонанд.Яьне зодагони кухистониро,ки бисераш аз вилояти собик Кургонтеппа буданду бадахшонихои гурезаро.Нагз дар хотир дорам ин аввалхои тобистони соли 1994-ум буд.Вале генерали армия Ерин ки будану чи тавр ба сари вазифа омадани туро медонист,ки чунин чавоб дод:"Вы охренели?

Ахсан
Офарин акаи Ёкуб, чони гапро задед, мо чавонони ватандуст солхост, ки бекорем, ин галла мусафеди игвогари точикбадбин ва зидди сулху вахдат дар вазифахои калиди кишварро шармандаву хандахариш карданд.

Dar zona kitobi "buratino"ro xondaaast mumkin, chun analizhoyash puchu bemani. 1) ziyoini solhoi jangi shahrvandi hamagi az soxtori zamoni shuravi budand az asri 16 ne va az digar soxtor budanashon ham gairimkon bud. 2) takid kardaast ki kase ki kitob naxonad ba u bovar nakuned, tahlil karda nametavonad. Kitobro ham inson navishtaast har kitob har mani va foidai har guruhro dar bar megirad. Na har kitob "Kalomulloh" ast. Ba fikram xomushiro ixtiyor mekardand xubtar bud, Chun badi in mardum Ba xulosae omadand, ki sathi donish ashon xele past budaast:

Темирхон
Чи гуфтаниен ки бозор собир зиеи нест? Е як пачка шоиру нависандахои давраи истиклол? Значит и мардак гуфтестай ки зиеихои хозира худшон намедонан чи менависан?

dust
Quron sukhani Ofaridori zaminu osmon ast
ammo loiq misli mo yak odam ast

И мардак ба хамика китоби хондагиш ки хозирам нафахмид ки мора чанг андохт. Офарини одамои китоб нохонда. Борхо чаноби оли гуфтанд ки хоричихо моро чанг андохтанд ин бошад бар хилофи гапи раиси чумхур не мегуяд. Ё саросема шудай ами мардак ё махсус таёр карданша. Маслихати ма ба хами мардаки китобхон ки рав китобхонита давом додан гиру хомушира пеша куну дигар кордор нашав.

Имеет право учить нас.

Чаноби Салимов,
1. Дар мансаб намишинанд, дар махбас мешинанд. Дар мансаб кор мекунанд. Ва агар шахси солхурда солим ва кордон бошад ин айб не шараф аст.
2. Чиноят содир кардан ва ба махбас нишастан ин дар хакикат айб аст.
3. Аз махбас баромада дигаронро насихат кардан ин камоли бехирадист.

Аввало ба Шумо ба озоди баромаданатонро табрик мегуям.
Ба фикрам, Комати хамгаштаи пирон нишони марг нест !
Аз рузгордидагон аз тачрибаи онхо бояд омухт.Кучо раванд онхое,ки як умр хизмати давлату Ватанро бо мехнати халол ба чо овардаанду на касру кушк сохтанду на заводу фабрикаеро харидаанд ва имруз 200-300 сомони нафака мегиранд?
Бехуда нагуфтаанд: Бе пир марав,ки дар бимони.
Харчанд,ки Сикандари замони

мухочир
Бачахакои "фабрикаи чавоб" фаъоландку ё метарсен ки ин мардак сирои хочагонатона фош мекунада?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)