Баъди 12 соат никоҳи хешутаборӣ расман манъ мешавад

Шурӯъ аз фардо, якуми июл дар Тоҷикистон манъи никоҳи хешутаборӣ ба ҳукми қонун медарояд.
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, ки никоҳи хешутабориро манъ мекунад, 13 январи соли ҷорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуд ва таъкид гардид, он аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор мегирад.
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аснои муаррифии лоиҳаи мазкур гуфта буд, тағйирот ба Кодекси оила никоҳи хешутаборон, аз ҷумла издивоҷи байниҳамдигарии фарзандони хоҳарону бародарон - фарзандони тағою амакиҳоро манъ кардааст. Тибқи иттилои вазир, аз 25 ҳазору 328 маъюби то 18-солаи Тоҷикистон 30-35 дарсад ба никоҳҳои хешутаборӣ рост меояд. Вазири тандурустӣ инчунин гуфта буд, дар асоси тағйироти пешниҳодшуда инчунин бе муоинаи тиббӣ бастани ақди никоҳ дар Тоҷикистон ҳам манъ мешавад. Навхонадорон муваззафанд, пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Лоиҳаи манъи никоҳи хешутаборӣ нахуст аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон, Саодат Амиршоева, садо дода буд. Ӯ дархост намуд, он аз роҳи қонун манъ гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |