Баҳс дар парлумон: Кам-кам қариб 700 кило тилло қочоқ шудаст
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 30-юми июн тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи буҷаи давлатии соли 2016-ро қабул намуд, ки бар асоси он воридоти маҳсулоти заргарӣ аз аксиз, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия зимни муаррифии лоиҳа гуфт, то ҳозир ин пардохтҳо тақрибан 40-42 фоизи арзиши маҳсулоти заргариро ташкил медоданд. Ӯ афзуд, ки ба ивази лағви ин пардохтҳо барои маҳсулоти заргарӣ боҷи ягонаи гумрукӣ таъсис меёбад, ки аз ҳар грам тилло 18 сомонӣ ва аз ҳар грам нуқра 3,6 сомонӣ ситонда мешавад.
Каримзода яке аз ҳадафҳои ин тағйиротро ҷилавгирӣ аз қочоқи маҳсулоти заргарӣ арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ ин сабукӣ боис мешавад, ки соҳибкорон аз роҳи қонунӣ кор бигиранд. Муовини вазири молия дар мавриди қочоқи маҳсулоти заргарӣ мисол овардааст, ки тайи 9 моҳи соли гузашта аз Туркия ҳудуди 700 кило тилло ворид шудааст, ки аз ин ҳамагӣ 15 кило расмӣ ва боқимонда тариқи қочоқ оварда шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо нигаронӣ аз қочоқи зиёди тилло аз Хуршед Каримзода, муовини раиси Хадамоти гумрук суол кард, ки чӣ гуна ба чунин қочоқи зиёд роҳ додаанд.
Каримзода қочоқи маҳсулоти заргариро тасдиқ карда, гуфт, одамоне ҳастанд, ки ин маҳсулотро ба таври кам-кам ворид мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон феълан 97 фоизи маҳсулоти заргарӣ дар кишвар хориҷӣ ва ҳудуди 3 фоиз истеҳсоли ватанӣ мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |