Президент “Нива”-и наҷотбахшашро аз сокини Мурғоб харид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафари ахир ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз сокини Мурғоб хостааст, “Нива”-и куҳнаашро ба ӯ фурӯшад, зеро он арзиши гузоштан дар осорхонаро дорад.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати ноҳияи Мурғоб хабар доданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо дар мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақл кард, ки ҳангоми як сафараш ба ноҳияи Мурғоб дар пайи номусоидии боду ҳаво ночор дар нимароҳ аз чархбол пиёда шуданд. Ба нақли Президент ба як деҳа расиданд ва баъди истеъмоли ғизою меҳмондорӣ бояд роҳашонро то маркази ноҳияи Мурғоб идома медоданд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон Ҷурабой як сокини деҳа “нива”-и куҳнаашро, ки ҳамчун мурғхона истифода мекардааст, омода намуда, ӯро то маркази Мурғоб расонд.
Тавре аз ҳукумати ноҳияи Мурғоб ба “Озодагон” иттилоъ доданд, соҳиби он “Нива”-и куҳна Ҷурабой Азимов, сокини Аличӯр мебошад. Ба иттилои манбаъ оилаи Азимовҳо зимни сафари ахири раисиҷумҳур “Нива”-ро то шаҳри Хоруғ бурда, ба масъулини осорхона супориданд. Ба ивази ин Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Азимовҳо "Нива"-и нав тақдим кардааст, ки рӯзи гузашта ба Мурғоб оварда шуд.
Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон аз гузоштани ин "Нива" дар осорхона дар ҳолест, ки бар асоси қонун дар бораи Пешвои миллат ташкили осорхонаи махсуси Пешвои миллат дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |