Душанбе, 10 Марта 2025
Ҳалокати ҷавони 21-сола дар пайи сарозер шудани “ВАЗ-2109”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ба ҷуқурӣ чаппа шудани сабукрави “ВАЗ-2109” як сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса 29 июн дар ҳудуди маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашина, марди 29-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинобар ба охир расидани сӯзишворӣ мошинро дар лаби дарёи “Душанбе” таваққуф карда, барои дастрас намудани маводи сӯзишворӣ ба маркази хизматрасонии нақлиётҳо “Автосентр” рафтааст”.
Манбаъ меафзояд, баъди рафтани ронанда, нақлиёт, ки дар нишебӣ қарор доштааст, ба ҳаракат медарояд ва ба чуқурии лаби дарё чаппа мешавад: “Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, марди 21-сола сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Бино ба хабари ВУД, мусофирони дигари сабукрав ноболиғон, писарбачаҳои 12 ва 14-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |