ВКХ: Хабари “Milliyet” асос надорад
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, хабари нашрияи “Milliyet”-и Туркия, ки таркишҳои фурудгоҳи Истанбулро кори зодаҳои Тоҷикистон номид, беасос хонд.
Вафо Ниятбеков, раҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорат имрӯз, 30 июн ба “Озодагон” гуфт, кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул бо мақомоти шаҳрдорӣ ва амниятии ин шаҳр мулоқот кардаанд. Ба гуфтаи оқои Ниятбеков, дар ин вохӯрӣ хабари зодаи Тоҷикистон будани маргталабон тасдиқи худро наёфтааст: “Ҳамчунин онҳо бо намояндаҳои нашрияи “Milliyet” дидор доштанд. Маълум шуд, ки ин хабарро яке аз хабарнигорони озоди ин рӯзнома чоп карда, он асос надорад”.
Қаблан, рӯзномаи “Milliyet”-и Туркия навишт, террористони маргталаб, ки дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул худро таркондаанд, зодаҳои Тоҷикистон будаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳамлаҳои террористиро се нафар анҷом дода, шахсияти террористҳо ифшо нашудааст. Ба навиштаи расона, дастандаркорони ҳамла аъзои созмони террористии "Давлати исломӣ" будаанд.
Дар натиҷаи ҳамла ва бомбгузории шаби 28 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 43 нафар кушта ва ҳудуди 150 тани дигар захмӣ шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта ҳамлаи террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истанбулро маҳкум карда, таъкид намудааст, ки террористон на дин, на миллат ва на ватан доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |