Бахшҳо

Вақте ба ҷои дигарон тасмим мегиранд...

Далер ШАРИФОВ

Даврони аҷибу ғариберо паси сар мекунем. Касе дақиқ гуфта наметавонад мо дар кадом вазъият қарор дорем ва бояд куҷо биравем? Истгоҳи охир барои пешрафт куҷост?

Имрӯзҳо гуруҳе мехоҳанд дар баробари як миллат тасмим бигиранд. Инсонҳое, ки фазоро намешиносанд, намедонанд, ки дар давру барашон чиҳо мегузарад. Бо ҷаҳони муосир, воқеъиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи сиёсии он ҳамоно бо шиорҳои куҳнаву обшӯста, рафторҳои асримиёнагӣ, кинаву адовати шахсӣ, маҳаллӣ ва гуруҳӣ муносибат намуда, як фазои номафҳум ва дар айни замон хатарзоро ба вуҷуд овардаанд. Гап сари он меравад, ки гуруҳе аз занон, зиёиён, омӯзгорон ва ҷавонон ба дилхоҳ рӯйдод ё ҳодисаҳои дар дохил ва хориҷ ба вуҷудомада, ки ба Тоҷикистон рабт дорад, зуд вокуниш нишон медиҳанд. Бархӯрд ба ҳодисаҳо ва вокуниш нишон додан, воқеъан яке аз нишонаҳои ҷомеаҳои демократӣ, пешрафта ва мутамаддин аст. Аммо ба шарте ҳуқуқҳои дигарон поймол нашавад. Ҳама аз номи худаш ҳарф бизанад. Масалан, як ҷавон ин ҳақро надорад, ки омада дар матбуот ё кадом ҳамоишеву чорабинӣ бигӯяд: “Мо ҷавонони бадахшонӣ фалон амалро маҳкум мекунем. Мо аз фалону бисмадон розӣ ҳастем”.

Ё як зан дар назди экрани телевизион пайдо шудаву ҷор бизанад, ки “мо занони вилояти Хатлон якдилона фалон роҳи интихоб кардаро дуруст шуморида, аз он ҷонибдорӣ менамоем”. Ё як нафар бо ном зиёӣ ё рӯшанфикр бигӯяд, ки: “Мо аҳли қалами Тоҷикистон фалониро барои фалон амалаш маҳкум менамоем”.

Кӣ ин ҳақро додааст, ки як нафар аз номи як вилоят ё як кишвар ҳарф бизанаду тасмим бигирад? Ингуна бархӯрд ва муносибат бисёр дағалона ва беодобона поймол кардани ҳуқуқи дигар шаҳрвандон аст, ки шояд аксари онҳо ба ин ҳодисаҳо назар, мавқеъ ва диди дигар доранд.

Шояд дар як ноҳия ё вилоят 50 ҳазор ҷавон зиндагӣ кунад. Як қисмашон дар муҳоҷират, қисми дигар бекор ва қисми каме аз онҳо донишҷӯ ё ба ягон ҳизбу ҳаракат шомил бошанд. Пас чӣ гуна мешавад, мо якбора дар як рӯз иҷоза бидиҳем то як ҷавон аз номи ҳамаи онҳо тасмим бигирад? Магар мо ҳуқуқи Конститутсионии онҳоро дағалона поймол намекунем?

Ин як амали норавост. Аз номи мардуми Тоҷикистон танҳо Президент ва Парлумон ҳаққи сухан гуфтанро доранд. Дигарон метавонанд аз номи худ, созмон, ҳизб ва гуруҳе, ки бар он шомиланд, сухан бигӯянд.

Гоҳе ин амалҳо касро ба андеша мебаранд, ки як гуруҳ ангор дар ғор ба сар мебаранд ва чанд қабила ҳастанд ва намояндаҳои қабилаҳояшон омада аз номи қабилаи худ ҳарф мезананд. Ё магар ин миллат ба он ҳад заифу бечора ва бедонишу бефарҳанг шудааст, ки тақдирашро дар ихтиёри чор ҷавон, ки ҳанӯз сарфаҳм нарафтаанд, ки чӣ мехоҳанду дар атрофашон чӣ мегузарад, гузоштааст ва ба ҳамаи тасмим ва ҳарфи онҳо розӣ аст?!

Тааҷубовар аст, онҳое қазоват мекунанд, ки қозӣ нестанд. Онҳое ҳукм мекунанд, ки ҳоким нестанд. Онҳое аз садоқати ватандорӣ ва миллатдӯстӣ ҳарф мезананд, ки худ содиқ нестанд. Онҳое, ки имрӯз аз минбарҳо шиор мепартоянд ва ҳарф мезананд, гӯиё ҳамаро медонанд ва танҳо ин миллат аст, ки намефаҳмад, намедонад, роҳгумзадааст. Аммо... на, онҳо худашон ҳанӯз дарк накардаанд, ки бо чӣ кор машғул ҳастанд ва вазифаи аслиашон чист. Агар пешрафт мехоҳем, амният мехоҳем, ободӣ мехоҳем, садоқат мехоҳем, бигзорем миллат худаш тасмим бигирад, бигзорем оид ба ҳар масъала андешаашро бигӯяд ва ба ҳама имконияти баробарро ба вуҷуд биёрем. Набояд одатамон бар ин бишавад, ки аз номи ҳама ҳарф бизанем.

Таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ низ дар ҳамин зоҳир мегардад. Истиқлолият ин биносозӣ ва ё ранг кардани хона нест. Истиқлолияти воқеъӣ он аст ки дар андеша, афкор ва диду назари шаҳрвандон шакл бигирад. Агар мо натавонистем, ки истиқлолиятро дар андеша ва афкори мардум ҷой намоем ё ба хостаҳо ва андешаҳои ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз оне ки дар бораи чӣ фикр мекунанд ё меандешанд, баробар эҳтиром нагузорем, пас истиқлолият як ҳарфи хушку холи боқӣ мемонад.

Мутмаъин бошем, агар имрӯз иҷоза бидиҳем чор ҷавон аз номи ҳамаи ҷавонон ҳарф бизананд ё тасмим бигиранд, ки онҳо кӣ ҳастанду чӣ мехоҳанд, пас дар ин сурат истиқлоли садҳо ҳазор ҷавони дигарро зери суол бурдаем. Натиҷа ин мешавад, ки ҳар аҷнабӣ ҳам метавонад аз чунин шаклгирии ҷамъияти мо истифода барад. Шояд як субҳ бедор мешавем, ки як нафар ғайритоҷик мегӯяд: “Ман омадам то аз номи ҳамаи ҷавонон ё занону зиёиёни Тоҷикистон бигӯям, ки мо ба фалон роҳ меравем”. Мо ки то ин вақт ба ингуна тасмимгирӣ оддат карда будем, вокунише намекунем, мегӯем инаш ҳам мисли пештара, бояд биравем, ҷои нигаронӣ нест!
Магар чунин бархӯрдҳо шабеҳи замонҳои ғуломдорӣ ё рафтан ба ҳамон роҳ нест?!

Барои пойдории истиқлолият ва қудратманд шудани миллат чунин шароите фароҳам биёрем, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистони бидуни кадом тарсу ҳарос “ман”-и шахсии худашро дошта бошад. Ва иҷоза надиҳем, ки касе ё гуруҳе аз номи ҳамаи миллат ҳарф бизанаду тасмим бигирад. Ман ба унвони як ҷавон ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назарам, ки набояд кадом вазорат, идора ё ташкилоте барои ман инро таҳмил кунад, ки чӣ гуна либос пушам, чӣ гуна хӯрок хурам ё ба шиорҳои бемантиқу нолозиме лабайк гӯям. Ман танҳо вазифадорам, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоям. Ва ҳеҷ кас ҳам набояд ин ҳақро дошта бошад, ки аз номи ман барои пиёда кардани сиёсатҳои худ сӯистифода намояд. Ман аз тамоми нафароне, ки ба ин корҳо машғуланд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ба ҳаққу ҳуқуқи ҳамдигар эҳтиром қоил бошанд ва бидуни иҷозаи нафаре аз ном ва мавқеи шаҳрвандиаш сӯистифода накунанд. Тасаввур намоед, агар ҳар кадоми мо баромада аз номи миллат ҳарф бизанем, оқибат чӣ мешавад? Ба назарам амали хирадмандона нест ва оқибати хуб надорад. Ё Шумо назари дигар доред?
Мӯҳр
Офарин бародар! Дар ҳақиқат мавзӯи хело дилписандро кушодед. Мо ҳам донишҷӯ ҳастем, донишу ақидаи худро дорем ва дигару дигар...
Ба мисли як гурӯҳ ҷавонон, ки дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҷамъ шуда, аз номи тамоми ҷавонон ва донишҷӯёни мамлакат ба Парлумони Иттиҳоди Аврупо роҳ нишон доданд. Охир чӣ танҳо шумо маълумот дореду сиёсатро мефаҳмед тамом??? Мисле дар Тоҷикистон ба ғайр аз Мардихудо Давлатов, ки дилхоҳ шахс аз ӯ дида босаводтар аст дигар ягон ҷавон намондааст, ҳамаашон гумроҳ шудаанд, гунг шудаанд ва ё зери хок рафтаанд, ки дар дилхоҳ ҷой аз номи тамоми ҷавонои кишвар гап мезанад, ман шахсан ҳамчун як ҷавони кишвар, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони азиз ин рафторҳоро маҳкум мекунам!!!
Агар ягон хатогӣ бошад узи бисёр, хатогиамро дар ҷавоб нависед то ислоҳ шавам...

Бехтарин сад фоиз гапоят рост манам хамчун чавон фикрхои ин мардакро дасгири мекунам , каламат бурро бод .

Мусофир
Далерчон ахсан,чунин чавонони босаводу бочуръат моро бояд.Афсус модари точик фарзандони бочуръату гаюраш кам аст!

Тоҷик
Шукрлнаи ҳами давлату миллат кунед. Ё ошкор номгиред ки ки ин корро мекуне?

Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд...вой аз беҳуқуи

Хело оли кайд кардед. Ман хам ба Ахмадхучаю мислбаринхояш гуфтаниям, аз номи худ ва гурухатон гап занед!. Чун ман хам мисли шумо хак дорам дар ин ватан ва хакки ибрози андеша. Пас дузди бераво!!!

Хеле назари ху ибрат омез, хусусан ба гурухи МВД Ахмадхуча хато накунам авангардДонишҷӯ,

я ба Далер Шарифов
Бародари гиромикадр Далер Шарифов аввалан ин ки аз сиёсат бенихоят дур хасти, холо вакти чавоният хаст хон......боз хон вакташ мерасад (аз ноумедихо басе умед аст... агар набошад таваккал бар Худо кун агар ба хастии Худованд бовар дошта боши, зеро ..........) дуюм ин ки инкадар дар мафкураат калимаи Хатлон чой гирифтааст, якбор рафта Сугду Бадахшон ва баъд Хатлона бин бад ба хулосаи биё... холо хам ношукри мекни .......Фикр кун, андеша кун...... чавон хасти аз ин суханхои сафсата хело дур хасти намезебад...........................Шумобаринхо бисёр хастанд....Вале сад афсус ки ин касали вабои асри Точикистон шудааст, ин касалиро яку якбора бехтар кардан мушкил хаст.....Акаи Далер бо яке наранчи........мешавад ........мешавад....факат сабр

Ба Далер
Хар кас барои як кас хизмат мекунад е не? Хай аку як дуи шумо ки чавонон зид хастед будан гиред. Бо чавонони дигар аз ин тарафанд. Уноро фаромуш накунед биродар

ШОХИД
АХСАНТ, ВОКЕАН ОЛЙ....МАН БА ТАМОМИ БАРОДАРОН ВА ДУСТОН ГУФТАНИЯМ КИ БИГЗОРЕД МАРДУМ АНДЕШААШОНРО ОЗОД МАТРАХ КУНАНД БИГЗОРЕД ОНЧИ КИ ДАР ДИЛ ДОРАНД БИГУЯНД....АНА ОНГОХ МЕБИНЕМ КИ ИН СИЁСАТХОЙ "ХИРАДМАНДОНА"РО ЧИ КАДАР АЗ ЧАВОНОН ВА МАРДУМ ТАРАФДОРИ ХОХАНД КАРД..... НА ИНКИ БА ИН ГУНА АЗ ЧАВОНОН БИЁЕМ МИСЛИ БАЪЗЕ ДУСТОН ПАНДУ АНДАРЗ БИДИХЕМ ВА БИГУЕМ,КИ ТУ ХАНУЗ ЧАВОНИ ИН МАСОИЛРО НАМЕФАХМИ ТУ РАВ ХОН ТУ ИНУ ТУ ОН ВА .....

Ман ба хами гуфтахои Далер хамфикрам ва ба он нафаре ки гуе Далеро насихат кардаасту чизе ба кавли худаш фахмондааст гуфтани хастам ки чаро то ба ин дарача магзи сарат ях ва чашми сарат бенур ва аклатон коста шудааст ки хаккро эътироф надори ........

Салими Зарафшони.
Офарин Далерчони хамшахри,обруи зарафшонихоро бардошти.Мо зарафшонихо хамин хел андешахои пок дорем.Зинда бод Зарафшону зарафшонихо!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)