Худкушии Дилхуши 24-сола, муҳоҷири 4-уми тоҷик дар Питер

Дилхуш Юнусов, сокини 24-солаи ноҳияи Айнӣ, падари ду фарзанд дар ноҳияи Всеволжски Санкт Петербург худро ба дор овехтааст.
Тавре Аҳмад Иброҳим, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ҷасади Юнусов 26-уми июн аз як дарахт дар назди дарёчаи деҳаи Костовои ноҳияи Всеволжск дарёфт шуда, фарзияи асосии марги ӯ худкушӣ мебошад: “Феълан таҳқиқот идома дорад”.
Тибқи иттилои мақомоти Русия ин ҷавони тоҷик дар хобгоҳи Василев ба қайд гирифта шуда, қабл аз худкушӣ бо ягон нафар муноқиша накарда, номаи пеш аз марг ҳам нагузоштааст: "Эҳтимол ӯ дар паи аз даст додани ҷойи кор худкушӣ кардааст. Ин фарзия ҳам санҷида хоҳад шуд".
Дар сурати тасдиқи худкушии Юнусов ин 4-умин ҳолати худкушии муҳоҷирони тоҷик тайи 2 моҳи охир дар Санкт Петербург мебошад. Ахиран ҷавони 18-сола ва қабл аз ӯ Аминов Муҳриддин Иброҳимович, соли таваллудаш 1985 зодаи деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ дар Санкт Петербург худкушӣ карда буд. Инчунин Ҳусейн Саидов, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе дар Санкт Петербург худро ба дор овехта буд. Намояндагии Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфт, “Саидови марҳум аз бонк қарздор будааст. Натавонистааст қарзи бонкро баргардонад ва аз ин рӯ худро ба дор овехтааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |