Президент дар Хоруғ: Мақсади касеро тарсондан надорем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфт, мақсад аз афзоиши низомиён дар бархе аз шаҳру навоҳӣ танҳо таъмини амнияту давлат мебошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот, ки 28-уми июн дар Хоруғ баргузор шуд, гуфт бархе дар бораи афзоиши низомиён фикрҳои ҳархела доранд: “Аммо мо мақсади касеро тарсондан надорем. Ҳадаф танҳо таъмини амнияти миллату давлат аст, ки бояд дар мадҳи аввал қарор дошта бошад”.
Эмомалӣ Раҳмон масъалаи амниятро дар пасманзари афзоиши ноамниҳо дар ҷаҳон махсусан мубрам хонда, таҳкими нерӯ дар бархе аз шаҳру минтақаҳои марзиро зикр кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин зимни ин мулоқот дар баробари баррасии рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ аз мардуми ноҳияи Ишкошим тавсиф кард, ки хеле бомаърифатанд. Ӯ гуфт, бархилофи шаҳри Хоруғ, ки ҳар сол меояд, ба ноҳияи Ишкошим дар 3-4 сол як бор сафар мекунад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон мардуми Ишкошим тайи ин муддат дар ҳаққи раҳбарияти давлат сухани баде нагуфтаанд ва талаби зиёде ҳам надоранд.
Сафари чоррӯзаи Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ 28-уми июн бо гузашти низомӣ ва намоиши техникаи ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ анҷом ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |