ВКХ: Дар таркишҳои Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон зарар надидаанд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар таркиши фурудгоҳи Отатурки Истанбул ягон шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст.
Вафо Ниятбеков, сухангӯи ин ниҳод имрӯз, 29 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва консулгарии генералии кишвар дар Истанбул дар ҷойи ҳодиса қарор доранд: “Миёни қурбониён ва захмиён ягон шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст”.
Дар ҳамин ҳол аз дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, шоми дирӯз, 28 июн ба Туркия ягон парвоз надоштанд. Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин таркишҳо дар ҷадвали парвозҳо ҳеҷ тағйир ворид нашудааст: “Субҳи имрӯз соати 06:00 як ҳавопаймо аз Душанбе ба самти Истанбул парвоз кард”.
Бино ба иттилои Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия дар натиҷаи ҳамла ва бомбгузории шаби гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 36 нафар кушта, 147 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳанӯз масъулияти ин таркишҳоро гуруҳе бар уҳда нагирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |