Бахшҳо

Президент ва Марадона аз Мессӣ хостанд мунтахаби Аргентинаро тарк накунад

Маурисио Макрӣ, президенти Аргентина аз Лионел Мессӣ, ҳамлагари мунтахаби Аргентина даъват кардааст, ки дастаи кишварашро тарк накунад.

Дар ин бора хабаргузории Франс-Пресс иттилоъ дода, афзудааст, ки президент Маркӣ шахсан ба Мессӣ занг зада гуфтааст, бо ӯ ифтихор мекунад ва дархост кардааст, ба танқидҳо гӯш надиҳаду яккачини кишварашро тарк насозад.

Макрӣ инчунин ин даъваташро дар саҳифаи твиттераш навишта, Мессиро беҳтарин бозигари ҷаҳон унвон кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар баробари президент инчунин мухлисон ва футболбози машҳури ин кишвар Диего Марадона низ аз Лионел Мессӣ даъват кардаанд, ки тими миллиро тарк насозад.

Лионел Мессӣ, ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва дастаи “Барселона”-и Испания 27 июн баъди бохти дастааш дар финали "Ҷоми Амрико-2016" иброз доштааст, ки яккачини Аргентинаро тарк месозад. Мессӣ дар ин бозӣ натавонист тӯбро аз ҷаримагоҳ вориди дарвозаи ҳариф созад. Мессӣ гуфт, “ман дар чор дидори финалӣ бозӣ кардам, талош намудам, аммо ин барои ман нест. Фикр мекунам ҳама чиз ба анҷом расид. Рафтан аз яккачин шояд барои ман ва дигарон хуб бошад”.

Ӯ изҳор дошта, ки ҳарчанд мехост бо яккачини кишвараш ба дастоварде ноил гардад, аммо маҷбур аст, карераашро дар ин тим хотима бахшад. 26 июн яккачини Аргентина дар даври финалии "Ҷоми Амрико-2016" бо Чилӣ мусовӣ кард. Дар пайи зарбаҳои пеналтӣ Аргентина бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Лионел Мессӣ натавонист тӯбро ба ҳадаф расонад. Дар пайи изҳороти ин футболбози машҳур, шаш бозигари дигар Гонсало Игуаин, Эсекел Лавессӣ, Лукас Биля, Анхел Ди Мария, Хавер Маскерано ва Серхио Агуэро низ гуфтаанд, дигар намехоҳанд дар ҳайати тими миллӣ бимонанд. Мессӣ аз соли 2005 дар ҳайати яккачини кишвараш бозӣ мекунад ва дар 113 дидор 55 гол задааст.
Мӯҳр
Мечта
Бо хаел кардм ки хохиш доран рогуна созан. Ехххх бо хоб дидм чи бало

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)