Фурқат гуфт, ки аз ноҳияи Данғара ва 21-сола аст. Ӯро дар истгоҳи роҳи оҳани Қазон рӯзи 11 ноябр боздошт карданд, агарчӣ тамоми санадҳои лозими қонуниро дошт, вале милисаҳо санадҳои ӯро пора карда, дур андохтанд ва гуфтанд, ки дигар санад надорад ва баъд ба ҳамин боздоштгоҳ оварданд. Ҷавони дигаре, ки худро Абӯбакр Азизов номид, гуфт, айнан ба ҳамин шева бозошт шудааст. Аммо дар байни боздоштшудаҳо онҳое ҳам ҳастанд, ки хеле пештар ба ин ҷо оварда шудаанд. Як мард шикоят кард, ки 56 рӯз боз ин ҷост ва намедонад, сарнавишташ чӣ мешавад.
"Пурсиш: Муҳоҷирони боздоштшуда бештар аз чӣ дар онҷо ба танг омадаанд?
Посух: "Метавон гуфт, ки онҳо дигар умед надоранд, ки дар боздоштгоҳ мемонанд ва ба тақдири худ тан додаанд ва мехоҳанд, то онҳоро ҳарчӣ зудтар ба хонаҳояшон бифристанд. Дар кӯчаҳои Маскав баъди оғози маъракаи боздоштҳо дигар, на танҳо муҳоҷирони тоҷикро намебинед, балки муҳоҷирони кишварҳои ҳамсояро низ, зеро барои милисаҳои рус фарқ надорад, ки тоҷиканд, қирғиз ва ё ӯзбак, барои онҳо ҳама муҳоҷиранд ва ҳамаро мегиранд. Ман бо муҳоҷирони зиёде сӯҳбат кардам, ки дар хона мешинанд ва ҳатто метарсанд, ки аз хонаҳояшон берун шаванд."
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |