Дар шимоли мамлакат як далели қочоқи маводи мухаддир ошкор гардид.
Бино ба қавли Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД аснои баргузории амалиёти вижаи кормандони милиса тахти унвони «Кӯкнор-2011» Фирдавс Аюбов, сокини шаҳри Истаравшан мавриди боздошт ва тафтиш қарор гирифт. Дар пайи кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи ӯ ҳудуди беш аз 5 килограмм бангдона ёфт шудааст. Айни замон оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти қазия идома дорад.
Мӯҳр