Хабари марги маҳбуси фирорӣ аз зиндони Хуҷанд
Бархе расонаҳо аз марги Ҳабибҷон Юсуфов, маҳбуси фирорӣ аз муассисаи ислоҳии 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд.
Юсуфови 36-сола ҳамроҳ бо ду зиндонии дигар шаби 17 июн қасди фирор доштанд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ гуфт, посбонҳои муассисаи ислоҳӣ Мирзозариф Қаюмовро дар ҷойи ҳодиса кушта, Рамзуллохон Додохонов фирор кардааст. Ин ниҳод 19 июн гуфт, Додохонов дар пайи амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд “ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан, аз силоҳи оташфишон аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд”.
Ҳабибҷон Юсуфов ҳамон шаби талоши фирор зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дастгир шудааст. Расонаҳо мегӯянд, Ҳабибҷон Юсуфов се рӯз қабл дар беморхона даргузаштааст. Ин хабарро ҳанӯз Вазорати умури дохилӣ ё Муассисаи ислоҳӣ расман шарҳ надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |