Бахшҳо

Равшани Темуриён ба истиқболи Садриддин: Ту омадиву мо зинда шудем!

Равшани Темуриён, журналисти шинохтаи тоҷики муқими Канада аз баргузории чанд консерти муштараки Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят дар ин кишвар истиқбол кардааст.

Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ менависад, дар 150 сол танҳо чор тоҷик ба суроғи муҳоҷирони тоҷики Канада омадааст: “Профессор Саъдинисо Ҳакимова, профессор Мунира Шаҳидӣ, Шабнамҷону ту. Дигар касе ёди мо, ғарибонро накард. Ин қадар майдаву реза шудем...”

Ӯ менависад: “Хуш омадӣ ба мулки ғарибони тоҷикам, Садриддини азизи дилҳо! Мо ҳамин қадар майда шудем, аз дидори ҳамдигар дур мондем. Мо ҳамин қадар бе меҳр шудем, ки дар мулки ғарибон майда шудем. Ту омадиву мо зинда шудем. Гӯиё ин қадар миллати бузургем, ки ҳамдигарро ба ду ҷиноҳи мухолиф тақсим кардем. Боз иди ваҳдатро ҷашн мегирем...”

Равшани Темуриён дар хитоб ба Садриддин гуфтааст, аз номи ҳар тоҷики ғариби Канада ӯро оғуш хоҳад гирифт.

Бино ба овезаҳои таблиғӣ Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари тоҷик ва Ғизол Иноят, сарояндаи афғонитабор дар се шаҳри бузурги Канада -- Торонто, Калгарй ва Монтреал 9-10-17 июли соли равон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Силсиласафарҳои Садриддину Ғизол аз Душанбе шурӯъ гардид. 20,21 ва 22 марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доданд. Ҳамкории ин ду сароянда соли сипаришуда баъди суруди муштараки “Ҷони ман”-и равоншод Кароматуллоҳи Қурбон оғоз шуд. Ин тарона зуд маъруф гардид. Ба дунбол Садриддину Ғизол чанд таронаи дигари муштаракро вориди бозор намуданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)