Э.Раҳмон: Мардуми ВМКБ қоил кардед, як консерти дигар ташкил шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди анҷоми чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдат аз меҳмоннавозии мардуми ВМКБ тавсиф намуд, ки тайи се моҳ мардум аз навоҳии дигари кишварро дар хонаҳояшон ҷо дода, як бурда нонро якҷо хӯрдаанд.
Раисиҷумҳур дар хитоб ба мардуми ин вилоят афзуд, ки воқеан қоил кардед: “Бо меҳмоннавозӣ ва фарҳанги худ қоил кардед. Ана ин аст Ваҳдат. Ман қарор баровардам, ки соли оянда рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон ва соли 2018 дар Суғд гузаронда шаванд”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин илова намуд, ки на ҳамаи хоҳишмандон тавонистаанд дар майдони баргузории ҷашни Ваҳдати Миллӣ ҷой гиранд ва аз аҳли ҳунар хоҳиш кард, ки имрӯз, 28-уми июн такроран як консерти дигар дар Хоруғ баргузор намоянду сипас ба пойтахт баргарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |