Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди ташкили "инқилоби исломӣ"
Хадамоти давлатии марзбонии Украина аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, онҳо қасди ташкили "инқилоби исломӣ" дар ватани худро доштаанд.
Торнамои ин ниҳод менависад, боздошти шаҳрванди Тоҷикистон 24 июн ҳини аз Истанбул омадан дар фурудгоҳи Харков сурат гирифтааст. Ин ду нафар бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштаанд: "Ҳангоми кофтуков аз онҳо адабиёи хусусияти экстремистидошта ва наворҳои видеоӣ бо забони арабӣ ёфт шудааст, ки тарзи таҳияи маводи мунфаҷираро меомӯзонад".
Хадамоти давлатии марзбонии Украина гуфтааст, боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки нақша доштанд дар Тоҷикистон "инқилоби исломӣ" роҳандозӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |