Панҷ зодаи Тоҷикистон дар Тула ғарқ шудаанд
Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзанду ҷиянаш дар рудхонае дар канори шаҳраки Беличевскии ноҳияи Богородитскои вилояти Тула ғарқ шудааст.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба "Озодагон" гуфт, ин ҳодиса рӯзи 24 июн ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои Аҳмадов, Бахт Маҳмадбекови 39-сола, ҳамсараш Гавҳар Шоеваи 36-сола, фарзандони ноболиғашон -- Сабринаи 15-сола, Хуршеди 11-сола ва ҷиянашон Ҷамшедшо Назришоеви 15-сола, зодагони деҳаи Ҷовидони ноҳияи Ванҷи Бадахшон дар дарёча ғарқ шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ҳамаи онҳо шаҳрвандии Русияро доштаанд.
Бино ба иттилои Иброҳим Аҳмадов, ин афрод вақте аз чидани замбуруғ бармегарданд, дар ҷангал мошинашон дар лой дармемонад. Баъди онро берун кардан, барои шустушӯ дарёча мераванд. Ҳангоми оббозӣ Хуршед ва Ҷамшедшо зери об мераванд. Бахт, Гавҳар ва Сабрина ҳам вақте ба кумак мераванд, ғарқ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |