Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик дар як суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” нахуст кулли мусалмонони Тоҷикистонро бо моҳи Шарифи Рамазон таҳният гуфт.
Хоҷӣ Мирзо: Бисмилоҳир-раҳмонир-раҳим. Ҳоло ки дар ин моҳи Шариф қарор дорем, мехоҳам онро барои ҳамаи рӯзадорон табрик бигӯям. Худованд ҳамаи подошу савоби марбути ин моҳро насибашон гардонад. Рамазон танҳо ба маънии нахурдану наошомидан нест, балки инсонҳо бояд дар ин моҳ аз ҳарфи баду кирдорҳои ношоиста дур бошанд. Дар ҳадисҳо омадааст, ки хайру эҳсони Пайғомбари Ислом дар ин моҳи муборак дучанд мешуд. Аз ин рӯ аз онҳое, ки имкон доранд, хоҳиш мекунам мардуми ниёзмандро дастгирӣ намоянд. Тоҷирон ҳам нархҳоро боло набаранд. Бояд дар зеҳни онҳо ин фикр бошад, ки вақте нархҳоро арзон карданд, савоби бештар мегиранд. На ин ки моҳи Рамазонро барои худ як фурсати боло бурдани нархҳо донанд.
Озодагон: Шумо қаблан яке аз роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон карда будед. Баъди ин ҳарфҳо оё пешниҳодҳое дар бораи дубора имом-хатиб таъин кардани Шумо буд?
Ҳоҷӣ Мирзо: Ман ин таклифро ба хотири он кардам, ки руҳониёни шинохтаи мо, ки мардум ба онҳо эътимод доранд, аъзои ҳар гуна гуруҳу равияҳо, махсусан “Салафия” нестанд. Онҳо саводи комили динӣ доранд ва метавонанд дар мубориза бо терроризму “Салафия” пештоз бошанд. Дар мавриди пешниҳодҳо барои имом-хатиб шудан бошад, ростӣ чунин таклифҳо аз ҷониби мардум шуд, аммо бо сабаби хуб набудани саломатӣ дигар ин масъулиятро ба душ нагирифтам. Аммо ҳамеша бо мардум ҳастам ва талош мекунам дар ҳама масъалаҳо ба онҳо маслиҳат бидиҳам. Ба саволҳояшон аз фармудаҳои Худованд дар Қуръони Карим ҷавоб медиҳам. Дар ҳама суҳбатҳо ба ҷавонон таъкид мекунам, ки аз гаравидан ба гуруҳҳои ифротӣ суде нест.
Озодагон: Ҳоло ки суҳбат аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ рафт. Шумо талоши мақомоти Тоҷикистонро дар самти ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ин гуруҳҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ҳоҷӣ Мирзо: Атрофи ин мавзӯъ борҳо дар нишасту мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои сатҳи ҳукуматӣ изҳори назар кардаам. Ҳамеша таъкид мекунам, ки роҳи муассир фаҳмондадиҳӣ тавассути минбарҳоест, ки мардум бовар доранд. Ман ба ин фикрам, онҳоеро, ки дар ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ё ҳамсуҳбат шудан бо онҳо гумонбаранд, набояд зиндонӣ кард. Зеро зиндон ҷойи тарбия нест. Аз таҷриба мегӯям, одамҳое буданд, ки бо иттиҳоми мазҳаби ғайр ба зиндон рафтанд ва баъди озод шудан боз амалҳои худро такрор карданд. Ё нафароне, ки аз ақидаву мазҳаб хабар надоштанд, аз дохили зиндон бо ақидаҳои зидимазҳабӣ берун шуданд. Аз ин рӯ хоҳиши мо ин аст, ки нерӯи корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд қавӣ карда шавад. Аксари онҳо аз ноогоҳиву нофаҳмӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ бо аъзои гуруҳҳои ифротӣ суҳбат мекунанд. Агар мақомот ин гуна нафаронро миёни аъзои маҳалла муҳокима намояд, ислоҳ мешаванд ва дигарон низ хатари гуруҳҳои ифротиро дарк мекунанд.
Озодагон: Дар гузашта хабархое буданд, ки Шумо пайваста аз ҷониби ҷангиёни узви гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” мавриди тахдид қарор мегиред. Ҳоло ҳам чунин таҳдидҳо ҳастанд?
Ҳоҷӣ Мирзо: Бале, дар гузашта чунин ҳолатҳо буданд, аммо ҳоло на. Ҳоло баъзан муҳоҷирон телефон карда, мепурсанд, ки оё агар ба кишварҳои Ховари Миёна барои ҷанг бираванд, ҷиҳод мешавад? Ман соатҳо бо онҳо суҳбат карда, мефаҳмонам, ки ин роҳ ғалат аст ва онҳоро ба нестӣ мебарад. Мегӯям, ки ҷиҳод куштор нест, балки аз обод кардану анҷом додани амалҳои савоб иборат аст. Дар Қуръони Карим низ омадааст, ки куштани одамон гунохи кабира буда, ба ҷуз Худованд касе ҳаққи гирифтани ҷони касеро надорад. Хушбахтона, баъди ин суханҳо, ҷавонони муроҷиаткунанда аз фикри рафтану пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ, махсусан ДИИШ мегарданд. Ҳатто миннатдорӣ мекунанд, ки онхоро аз ин нияташон гардондам.
Озодагон: Баҳои Шумо ба мизони озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон?
Ҳоҷӣ Мирзо: Баъзе сахтгириҳо ҳаст, аммо мушкили ҷиддиеро дар ин самт намебинам. Агар дар мазҳаби бобоҳоямон бошем ва ба гуруҳҳои ифротӣ напайвандем, ҳеч мушкиле пеш намеояд.
Мусоҳиб Барнои Бегмадзода