Шикояти мусофирон аз ронандае, ки то “Гулистон” 2 сомонӣ талаб кардааст
Мусофирони як нақлиёти хатсайри №2 мегӯянд, ронанда онҳоро барои пардохт накардани ду сомонӣ аз мошинаш берун кард.
Ганҷина, як сокини Душанбе ба “Озодагон” гуфт, ҳамроҳи духтари аммааш аз назди Хадамоти шиносномавию бақайдгири ноҳияи Шоҳмансур ба мусофиркаши “Старекс” нишаста, ду сомонӣ дароз карданд: “Мо то “Гулистон” мерафтем. Ронанда гуфт, боз ду сомонии дигар бидиҳед. Гуфтем, ки то “Гулистон” роҳкиро як сомонӣ аст, аммо бо мо ҷанҷол бардошт”.
Саврибону, ҳамсафари Ганҷина мегӯяд, вақте то назди меҳмонхонаи “Гранд отел” расиданд, ронанда мошинро нигоҳ дошта, бо доду фарёд онҳоро аз мошин берун кард: “Мегӯяд, ман аз соати 2-и шаб кор мекунам, шумо дар хонатон хобед. Боз як сомонӣ медиҳед”.
Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Аммо ронандаҳо аз мусофирони худ аксаран ба ҷойи 80 дирам як сомонӣ ва ба ҷойи 1,60 дирам 2 сомонӣ талаб мекунанд. Хатсайри №2 аз “Шаҳраки низомиён” то Бозори “Пойтахт-90” буда, бар асоси қарори шаҳрдорӣ ба ду қисм ҷудо мешавад ва нуқтаи ҷудокунандаи он маҳаллаи “Гулистон” муқаррар шудааст.
Акси мусофиркашро Ганҷина ба "Озодагон" фиристод
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |