Президентҳои Осиёи Миёна: Оилаи кӣ калонтар? (АКС)
Пойгоҳи “OpenAsia” оилаҳои президентҳои кишварҳои Осиёи Миёнаро муқоиса карда, муайян намудааст, ки Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон пас аз маликаи Бритониё ва раисиҷумҳури Тунис бештарин теъдоди набераву абера дорад. Тибқи иттилои “OpenAsia” Айсултон Назарбоева, як набераи дигари раисиҷумҳури Қазоқистон шаби 9 июни соли ҷорӣ соҳиби духтар шуда, теъдоди абераҳояш ба 10 расидааст.
Пойгоҳи “OpenAsia” калонии оилаҳои раисиҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказиро раддабандӣ карда Нурсултон Назарбоевро дар ҷойи аввал қарор додааст. Назарбоев танҳо як бор оиладор шудааст. Ҳамсараш Сара Алписовна Назарбоева мебошад. Онҳо соҳиби 3 духтар - Дарига, Динара ва Алия мебошанд. Дар ҳоли ҳозир Назарбоев 7 набера дорад. Фарзандони Дарига Назарбоева: Нуралӣ Алиев, соли таваллудаш 1985, Айсултан Назарбоев, соли таваллудаш 1990, Венера Назарбоева, соли таваллудаш 2000. Фарзандони Динара Назарбоева: Алтай, соли таваллудаш 1990, Дениза, соли таваллудаш 2004 ва Алиша Кулибоева, соли таваллудаш 2010. Фарзандони Алия Назарбоева: Тиара, соли таваллудаш 2007 ва Алсара, соли таваллудаш 2011. Нуралӣ, набераи бузургтарини Назарбоев 13 сол пеш оиладор шудааст ва 4 фарзанд -Алан, Лаура, Амира ва Ануар дорад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақоми дуввум омадааст. Ӯ дар миёни президентҳои кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама серфарзанд маҳсуб мешавад. Эмомалӣ Раҳмон 7 духтар - Фирӯза, Озода, Рухшона, Таҳмина, Парвина, Заррина ва Фарзона ва ду писар дорад. Сомон ҳанӯз хонандаи мактаб аст ва Рустам 28 сол дорад. Теъдоди дақиқи набераҳои Эмомалӣ Раҳмон маълум нест.
“OpenAsia” Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистонро, ки ду бор оиладор шудааст, дар ҷойи саввум қарор додааст. Ӯ бо Наталя Кучма аз соли 1964 то 1968 зиндагӣ кардааст. Аз ин ҳамсараш соли 1966 писар таваллуд шудааст, ки номашро Петр гузоштаанд. Наталя соли 2008 аз дунё мегузарад. Каримов бо Петр робита надорад. Тибқи баъзе хабарҳо Петр муҷаррад мебошад ва фарзанд надорад. Ҳамсари дуввуми Ислом Каримов Татяна Акбаровна Каримова мебошад. Аз ин ҳамсараш ду духтар Гулнора ва Лола дорад. Гулнора соҳиби як писар Ислом Каримови хурдӣ (1992) ва духтар бо номи Имон (1999) мебошад. Лола ду духтар Марям, Сафия ва писар бо номи Умар дорад.
Алмосбек Отамбоев, дар ҷойи чорум омадааст. Ӯ низ расман ду бор оиладор шудааст. Отамбоев аз Баужар Тенизбаева, ҳамсари аввалаш чор фарзанд дорад: писарон Сейитбек ва Сейтек, духтарони дугоник Диана ва Динара. Аз Раиса Отамбоева як писар бо номи Кадирбек (1993) ва духтар Алия (1997) дорад. Духтарони ҳамсари аввали Отамбоев издивоҷ кардаанд, аммо зиндагии онҳо аз расонаҳо хеле пӯшида аст. Фарзандони аз ҳамсари дуввум ҳанӯз муҷарраданд. Отамбоев дар бораи он ки оё набера дорад дар ҳузури омма чизе нагуфтааст, аммо наздикони оилаи ӯ мегӯянд се набера дорад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Ӯ зиндагии шахсии худро шадидан ниҳон медорад. Аммо, зиндагиномаи расмиаш мегӯяд, ки ҳамсари Бердимуҳаммадов Огулгерек Атаевна мебошад. Аз рӯи иттилооти таъйидношуда Огулгерек дар Лондон зиндагӣ мекунад. Онҳо ду духтар ва як писар бо номи Сердар доранд. Бердимуҳаммадов панҷ набера дорад, аз миёнашон Каримгул, соли таваллудаш 2000 ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо аст. Ин набераи Қурбонгулӣ дар ҳангоми аспсаворӣ ва навохтани пианино дар телевизион нишон дода мешавад. Боре ҳам бо Ҷеннифер Лопес сарояндаи маъруф дар саҳна зоҳир шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |